Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / КАРОКУМ

КАРОКУМ

КАРОКУМ, биёбони регзорест дар Чан. Осиёи Миёна, асосан дар терр. РСС Туркм. Масох. кариб 350 хаз. км2. К. аз чихати мавкеи географи ба К.-и Заунгуз (дар шимол), К.-и Маркази ё ки К.-и Пасти (дар чануб) ва К.-и Чан. Шарки чудо мешавад. Рельефи биёбон хамвор буда, чо-чо теппахо дорад. Баландин пуштахояш peг дар К.-и Чан. Шарки ва Маркази аз 3—5 то 30 м, дар К-и Заунгуз то 40—60 м.

karakum

Иклими К. нихоят континентист, тобистонаш гарми тулони, зимистонаш хунуки муътадил; Харор. миёнаи янв. дар шимол кари б —5°С, дар чану б кариб 3°С, июль мутаносибан 28* ва 34°С. Боришоти солона аз 60 то 150 мм. К.-и Аму кад-кади сархади шим. шаркии К. чори мешавад; оби д-хои Тачан ва Мургоб бошанд, дар регзор нопадид шуда мераванд. Дар К. обхои зеризамини бисьёранд. Бахорон кариб тамоми терр. К-ро растанихои эфемери ва эфемероиди фаро мегиранд; геша (хуроки асосии гусфандон), саксавули сафеду сиёх, кандим, акокиё, загоза, нахудак ва г. меруянд. Хайвоноти К: гизол, рубох, гург, гурбаи дашти ва г. Хояндахо ва хазандахо бисьёранд. Кисми зиёди биёбон тамоми сол чун чарогох истифода мешавад. Сарватхои зеризаминиаш: сулфур, нефт ва газ. Аз К. роххои калон ва аз канори шим. шаркии он р. о. Чорчуй, Кунгирот мегузарад. Дар кисми чанубии К. канали (Карокум сохта шудааст, ки он барои обёрии заминхо ва киштигарди хеле зарур аст. Аз К. газопроводи Осиёи Миёна — Марказ мегузарад. Пешомадхои К. ба туфайли истифодаи конхои бойтарини газу нефт, тараккиёти минбаъдаи ирригацияи механиконидашуда, пахтакори, махсусан дар зонаи канали Карокум, инчунин ривочу равнаки чорводори хеле калон аст. Дар К. ст. тадкикоти илмии регзори АФ РСС Туркм.— Репетек вокеъ гаштааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …