Маълумоти охирин

ХУНИЧ

ХУНИЧ, бузрав (Mediasia macro-phylla), як навъ гиёхи бисёрсолаест аз оилаи чатргулхо. Пояаш: рост (то 1,5м кад мекашад), сершох. Баргаш калон, сегуша. Гулаш майда (моххои июн -авг. мешукуфад). Meавааш (дарозиаш то 7 мм) авг.—сент. мепазад. Xунич хоси Помиру Олой ваТиёншони Гарбист. Дар Точикистон (к – куххои Зарафшон, Хисору Дарвоз, инчунин мавзеъхои Точикистон Чануби ва Шарки; 1300—2800 м аз с. б.) бештар дар минтакахои чангалзорн гармсер  (шибляк) ва пахнбарг, арчазор, дашти алафзор, нишебихои кух, маргзори баландкух санглох ва шагали канори сой ва сохили дарёхо меруяд.

Xунич яке аз гиёххои маъмули хурокист. Онро ба монанди вешим ба хар гуна таом меандозанд. Хурокро хушхазм ва хуштаъм мекунад, инчунин иштихоовар аст ва узвхои хозимаро таквият медихад. Барги хушки онро ба чакка, дуг, чургот меандозанд. Ширро то як мох аз вайрон шудан нигох медорад. Решааш захрнок аст, пустро ба монанди уган (юган) месузонад.

Хуничро буз нагз мехурад ва фарбех мешавад. Баргу пояи Xунич (давраи мевабанди) 9,3% протеин, 8% сафеда, , то 1% равган, 5,5% каротин дорад. Мевааш гликозид, баргу пояаш 0,4— 1% равгани эфир, бехаш 0,1—0,35% пайвастхои кумарини дорад.

Ад.: Ходжиматов М. [ва диг.], Содержание кумариновых соединений в некоторых видах сем. Apteaceae. «Изв. АН Таджикской ССР», 1081, М 2; Флора Таджикской ССР, т. 7, Л., 1984.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …