Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ САЙЁРИ

АБУЛАББОСИ САЙЁРИ

АБУЛАББОСИ САЙЁРИ Косим ибни Абдуллох (соли таваллуд 876,Марв – вафот 952, хамон чо), факех, мухаддис ва мутасаввифи точик, муассиси силсилаи тасаввуфи сайёрия. Чараёни зиндаги ва орои уро хохарзодааш Абдулвохид ибни Алии Сайёри накл намудааст. Мувофики он Абулаббоси Сайёри дар оилаи сарватманд ва ахли илм таваллуд шудааст. Тибки иттилои Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» у пас аз даргузашти падараш дороии бисёреро, ки барояш ба ирс расида буд, ба ду тори муи Пайгамбари акрам (с) иваз намуда аз баракиёти он тавфик ёфтааст.

Бино ба маълумоти «Кашф- ул-махчуб» Абулаббоси Сайёри дар Марв макоми баланд дошт, вале ба ин нигох накарда хаёти суфиёнаро пеш гирифт. У муриди Шайх Абубакри Восити буд ва аксари акидахои муршидаш ба воситаи у то ба рузгори мо омада расидаанд. Худи Абулаббоси Сайёри  навишта, ки агар бо Абубакри Восити мулокот намекард, мачуси аз ин дунё рехлат мекард.

Хамчунин накл шуда, ки Восити нахустин суфие буда, ки барои марвиён макомоту ахволи тааввуфро таълим додааст. Абулаббоси Сайёри  хамчунин дар махфилу чамъомадхои бузурги мухаддисон фаъолона ширкат мекард ва хамчун мухаддис низ шухрат ёфта буд. У дар натичаи кушиши бисёр дар назарияву амалияи тасаввуф даст ёфт ва дар ин соха ба мартабаи баланд расид.

Тарикати у бештар ба хифзи мабонии шариат асос ёфта буд ва дар зухду риёзат низ ном баровард. Абулаббоси Сайёри  асхоби сахв буд, сукрро дар ибтидои холи суфи чоиз медонист, ки дар интихо бояд ба тамкин табдил меёфт. Хачвири Абулаббоси Сайёриро тарафдори мазхаби чабария медонад ва муаллифи «Кашф-ул-мачхуб» гуфтааст, ки вай «каломи оли ва тасонифи сутуда» дорад. Тарафдори чабария бу- дани у аз чунин суханонаш бармеояд: «Инсон чи гуна метавонад тарки гунох кунад, ки ин гунох дар «лавхи махфуз»-и у навишта шудааст». Рочеъ ба масоили тавхид низ асаре таълиф намудааст, ки то ба рузгори мо омада нарасидааст.

Баъди маргаш хамон хохарзодааш тарикати уро бо номи сайёрия идома дод. Дар Марву Нисо пайравони би­сёре пайдо кард. Байни пайравонаш рочеъ ба баъзе масъалахои таълимоти тасаввуфи ихтилоф ба вучуд омада буд, ки бино ба маълумоти Чуллобии Хачвири ба тавассути мубохисаву мукотиба рафъ гардида будааст. Абулаббоси Сайёри дар масъалаи мушохида, ки яке аз рукнхои асосии маърифати тасаввуфи мебошад, назари хос дошт. Асосхои тарикати Абулаббоси Сайёриро «чамъ» ва тафрика ташкил медоданд. Натичаи аввали ба фикри у соликро ба «фано» ва натичаи дуюми ба «бако» оварда мерасонд. Эчодиёти Абулаббоси Сайёри  ба инкишофи афкори ирфони, махсусан бахши маърифатии он ба суфиёни Хуросон таъсири фаровон доштааст.

Адабиёт: Чоми Абдуррахмон ибни Ахмад. Нафахот-ул-унс, Тошкент„ 1336; Хачвири Али ибни Усмон. Кашф-ул-махчуб. Ленинград,1926; Доират-ул- маорифи бузурги исломи, чилди 3, Тошкент, 1385.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.