Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти Панчоб

Вилояти Панчоб

Панчоб вилояти таърихиест дар Осиёи Чануби, дар худуди Хиндустон ва Покистон. Кисми шимоли хамвории Хинду Гангро ишгол мекунад. Дар кисми гарбип Панчоб биёбони Тхал вокеъ гаштааст. Дарёхои Сатлач,  Челам, Чиноб, Рави ва Биас бо дарёи Панчнад даромехта, заминхои корами Панчобро обшор мекунанд. Аксар чойхои баландаш 150—350 м. Иклимаш хушк, хаво тагйирёбанда (январи —13 —16°, май кариб 35°С).

Боришоти солона дар Гари то 150 мм, дар Шарк то 700 мм. Хар сол обхези шуда, дарёхо тез-тез мачрои худро тагйир медиханд. Кариб 70—90% территорияии П.анчоб аз худ карда шудааст. Каналхои бисёр дорад. Шахрхои калонаш: Лохур (Покистон) ва Амрит­сар (Хиндустоп). Дар хазораи 3 — нимаи якуми хазораи 2 то мелод Панчоб ба яке аз минтакахои тамаддуни кадими дунё (ба ном Хараппа ва Хинд) дохил буд. Аз нимаи дуюми хазораи 2 то мелод ба Панчоб кабилахои ориёни рафта, бо ахолии, махалли даромехтанд ва дар натича халкияту кабилахои хиндуориёни ташаккул ёфтанд. Дар охири асри 6 то мелод кисми зиёди Панчоб ба давлати Хахоманишиён хамрох шуд.

Искандари Макдуни солхои 327—325 то мелод мулкхоро то дарёи Баис забт намуд ва баъди вафоти у Панчоб ба импе­рияи Хинди Чадим — Маврия хамрох шуд. Аз охири асри 2 то мелод то миёнаи асри 6 Панчоб ба хайати давлатхои Кушониён, Гуптхо, Хайтолиён дохил буд. Баъди пароканда гардидани давлати Хайтолиён (567) дар Панчоб чанд давла­ти хурд пайдо шуд, ки онхоро хонимони махалли идора мекарданд. Панчоб аз асри 7 майдони мухорибаи волоёни халифахои Умави ва аз нимаи дую­ми асри 10 амирони Газна гардид. Дар аввали асри 11 Панчоб як кисми давлати Газнавиён шуд ва хокимони он пойтахти худро ба шахри Лохур кучонданд.

Аз охири асри 12 Панчоб ба хайати давлати Гуриён, султонии Дехли, давлати Темуриёян Хинд хамрох шуд. Дар солхои хукмронии точдорони мусулмон дар Панчоб дини ислом пахн гардид. Баъди таназзули давлати Темуриёни Хинд Панчобро Нодиршохи Афшор забт кард ва шохони Дуррони онро ба мулки худ хамрох намуданд. Дар натичаи харакати сикххо солхои 60 асри 18 чанд давлати хурди озоди онхо ба вучуд омад. Ранчит Сингх (хукмр. 1799—1839) дар аввали асри 19 тамоми заминхои кисми гарбии дарёи Сатлачро ба як давлати мустакили Панчоб муттахид кард.

Дар натичаи чанги байни англисхою сикххо (1845—1846 ва 1848—1849) онро ширкати Ост-Индия забт намуда, ба музофоти Паинчоб ва 43 мулки хурд тачсим кард. Августи 1947 хангоми ташкилёбии доминиони Иттифоки Хинд ва Покистон Панчоб мувофики дину оини ахолиаш дар байни ду давлат таксим шуд (нохияхои аксари ахолиаш мусулмон ба Покистон, сикххо ва хиндухо ба Хиндустон гузаштанд).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …