Маълумоти охирин
Главная / Илм / Тачрибаи «ПОМИР»

Тачрибаи «ПОМИР»

«ПОМИР» номи тачрибаест, ки зимни он таъсири мутакобили заррахои кайхонии энергияашон аз хад калон (беш аз 1014 эВ) ва ядрохои атомии атмосферам Замни ба воситаи камерахои рентгении эмулсиони омухта мешавад. Тачриба соли 1971 cap шуда, дар он муассисахои илмии тадкикотии СССР (аз чумла Инсти­тут физика ва техникаи АФ РСС Точикистон) ба номи С. У. Умаров ва хорича (Полша) ширкат меварзанд. Зарраи кайхонии аввала хангоми бо ин ё он «ядрои атомии атмосфе­раи Замин бархурдан як кисми энер­гияи худро сарф карда, чанд зарраи сонави ба вучуд меоварад. Агар энергияи зарраи кайхонии аввала баъди чунин таъсирот, ки барои тавлиди заррахои сонавии энергияашон бештар аз энергияи остонии кайди заррахои тармаги кофи бошад, вай то лахзаи ба асбоби санчиш (масалан, камераи рентгении эмулсиони — КРЭ) расидан боз чанд зарраи сонави тавлид карда метавонад.

Заррахои ибтидоии энергияашон аз хад калон дар таркиби нурхои кайхони хеле каманд (андаряк 0,88 зарраи энергияаш беш аз 1016 эВ дар 1 сол • м2 стерадиан). Барои андухтани маълумоти кофии статис­тики камерахои кайдкунандаи масохаташон .—-1000 м2-ро нисбат ба сатхи бахр хаддалимкон баланд чой дода онхоро камаш 1—2 сол муттасил ба кор андохтан ловим меояд. КРЭ-и тачрибаи «Помир» дар Окархар ном махали ВАБК 80 км дуртар аз Мургоб, дар баландихои 4370 м (599 г/см2) ва 4870 м 566 г/см2) чой дода шудаанд. у-квантхо, электрондо ва поэитрондо ба КРЭ зада, тармаи электрони — фотон и (ТЭФ) ба вуг чуд меовараид. Зарракои тарки- би ТЭФ-ро варакахо (павордо)-и рентгению эмулсиони ба кайд меги- ранд

Оддитарин навъи КРЭ системам кабатхои сурбист, ки аз якдигар бо варакахои рентгению эмулсиони чу­до мебошапд. Плёнкаи рентгени асетилселлюлозаест, ки 200 мкм гафси дорад ва аз дар ду тараф бо эмулсияи гафсиаш 48 микрони (микдори нисбатан зиёди бромиди нукра) пушида шудааст. Ин имкон медихад, ки кунчхои афтиши заррахо (кунчхои зенити ва азимути) бо осони чен карда шавад.          Ф. Нормуродов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …