Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУГМАЧАГУЛИ ОБИ

ТУГМАЧАГУЛИ ОБИ

ТУГМАЧАГУЛИ ОБИ (Nuphar), як чинси растанихои обиро гуянд. Аз июн то сентябр гул мекунад. Одатан дар хавз, кул, длрёхои сустчараён месабзад.

tuxmchaguli-obi
Дар СССР 2 намуди тугмачагули оби вомехурад. Махсусан Тугмачагули обии зард (N/ Lutea) дар толобу дарёхои сустчараён фаровон аст. Тугмачагули обии зард гиёхи доруист. Тирамох решапояи онро чамъ менамоянд. Аз он доруи «лютенурин» тайёр мекунанд, ки барои табобати бемории трихомонози музмин истифода мешавад. Баъзе навъхои Тугмачагули оби (N. pumula, N. аdventa)-ро чун гулхои оби (аз он чумла дар гулхавзи Боги ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанхои РСС Точикистон) мепарваранд.
Решапояи Тугмачагули обии зард 0,2—1% алкалоид (нуфлеин, тиобинуфаридин, неотпобунуфаридин), моддахои даббоги, охар, сахароза, гулаш гликозидхо ва тухмаш то 45% охар дорад.
М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …