Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТИББИ ЮСУФИ»

«ТИББИ ЮСУФИ»

«ТИББИ ЮСУФИ» Ё «ЧОМЕЪ-УЛ- ФАВОИД» асари Юсуф ибни Мухаммад ибни Юсуфи Табиб, ки соли 1500 ба забони точики таълиф шудааст. Асар аз якчанд кисм иборат аст. Кисмл аввал дархусуси муоличаи беморихо бахс мекунад. Дар ин кисм аввал номи бемори зикр ёфта, баъд аломату хусусиятхои он мухтасар баён ва сипас бо як ё ду рубои тарзи муоличаи он ифода мешавад. Агар таркиби дору мураккаб бошад, он вакт баъди рубои таркиб ва тарзи тайёр кардани он бо наср маънидод мешавад. Дар аввали хар рубои номи бемори ва баъд усули муоличаи он баён шудааст. Чор рисолаи аввал мансур аст: 1) «Ситтаи зарурия» (дар бораи хаво, хуроки ва нушоки, харакат ва сукуни чисмони; харакат ва сукуни нафсони, хоб ва бедори, нитох доштани моддахо дар бадан ва изолаи онхо аз бадан), 2) «Рисолаи далоил-ун-набз» (чигунагги набаро маънидод мекунад), 3)«Рисолал далонл-ул-бавл» (дар бораи шоша бахс мекунад), 4)«Мухтасар-ул-баён, фи заруриёт-ил-бухроя» (баёни мухтасари маълумоти муфид доир ба бухрони беморихо). Баъди он се рисолаи хурди манзум (Рисолаи хифзи сихатни бадан, Рисолаа маъкул ла машруб, «Мукаттаоти Юсуфи» меояд, ки ба масъалахои гуногуни тиб ва хосияти коддахои гуногун оиданд. Нусхаи дастхати ин асар дар Лакхнав (Хиндустон) соли 1908 чопи санги шудааст.
Адабиёт: Капринов В. А. Рахим Xошим, Хикмати асрхо (Мунтахаб аз рисола ва лугатхои тибби кадим), Душанбе, 1975.
Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.