Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТЕРМОТЕРАПИЯ

ТЕРМОТЕРАПИЯ

ТЕРМОТЕРАПИЯ (аз термо… ва …терапия), муолича бо гарми, мачмуи усулхои физикотерапевтист, ки гармии манбаъхои табии ва сунъиро истифода мебаранд. Дар шароити хона аз гармкунак (грелкахои оби ва электри, ЗИДДИ гарм (масалан, кулухтаф, пиёздог, сабусдог, лойдог, реги гарм, такмид (компресси гармкунанда) ва гайра истифода мебаранд. Термотерапия дар муассисахои табобати ба воситаи лампаи электрики гармкунандаи Минин, нурхои инфрасурх, лой, парафия, озокерит ба чо оварда мешавад. Барои тезонидани гармихои электрики бофтахои бадан аз индуктометрия, майдони электрии баландбасомад ва микромавчхо истифода мебаранд.

termotirapiya

Манбаъхои гармии табии хангоми истифода ба организм таъсири химияви ва механики низ мерасонад. Механизми таъсири Термотерапия мураккаб буда, дар организм реакцияхои чузъи (дар чои иллати узв) ё кулли (тамоми организм)-ро ба амал меорад. Реакцияхои чузъи асосан гардиши хун ва лимфа, процессхои тагзияи асабиро бех мегардонад. Реакцияхои кулли бошанд, бо таъсири рефлексию хилти ба системахои асаб, дилу рагхо, системаи эндокринию иммунологи ва гайра вобастаанд.
Термотерапияро хангоми муоличаи беморихои асаб, узвхои такяю харакат, гуш, гулу, бини, узвхои бавлу таносул, шикастагихои устухон ва гайра истифода мебаранд. Истифодаи Термотерапия дар мавриди омосхо, навъхои фаъоли касалии сил, амрози хун, дилу раг ва гайра норавост.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …