Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕСКОП

ТЕЛЕСКОП

ТЕЛЕСКОП (аз теле… ва юнони нигох, мекунам), афзори оптикии астрономист барои мушохидаи чирмхои осмони. телескопхои оинаги (рефлекторхо), линзаги (рефракторхо) ва оинагию линзаги мавчуданд. Рефракторхо асосан дар астрометрия, рефлекторхо ва телескопхои оинагию линзаги дар астрономия барои тадкикоги астрофизики истифода мешаванд.

teleskop

Барои гирифтани сурати объектхои осмони дар фокуси телескоп фотолавха ё фотанавор метузоранд. Асбобхои махсус, ки ба телескоп насб мешававд барои амухтани тавсифоти физикии чисмхои осмони: дурахшони, таксимоти энергия дар слектрхо, харорат, диаметр ва гайра имкон медиханд. Телескопхои калонтарин дар тачхизоти параллакси насб карда мешаванд. Гулбаи биниши телескопро дар гирди мехвараш (ки ба мехвари Замин параллел мебошад) мувофики харакати шаборузии чис1.\мг осмони чархзананда чисми осмониро мунтазам мушохида кардан мумкин аст. Дар Шарк нахустин телескоп дар расадхонаи Чайпур (Хиндустои) гузошта шуда буд. Онро бо саъи астрономи хинд Савай Чай Сютх (1686—1743) соли 1730 аз Европа оварда буданд. Сонитар (соли 1792) расадхонаи бо телескоп чойдодашуда дар Мадрас низ сохта шуд. Калонтарии телеокопрефлектори дунё дар расадхонаи махсуси астрофизики чойгир аст, ки диаметри оинаи он 605 см мебошад. Дар Точикистон дар расадхонаи астрономии Хисор телескоп-рефлекторе гузошта шудааст, ки диаметри оинааш 100 см аст. С. Содикова.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …