ТЕЛЕГРАФИЯ, як сохаи илм ва техникаро гуянд, ки тарзхои сохтусози алокаи телеграфи, услубхои ирсоли сигналхои телеграфи ва тачхизоти алокаи телеграфи, инчунин сифати интиколи информацияро тавассути каналхои телеграфи меомузад. Телеграфия ба кисмхои зерин (мувофики вазифахои асосиаш) чудо мешавад: кодхои телеграфи (хангоми ирсолу кабули информация ба сигнали электри табдил додани харфу ракам ва амалиёти баръакс); тачхизоти телеграфии нихои (принципхои сохтусози аппаратхои телеграфи, трансмиттерхо ва реперфораторхо, услубхои ирсол ва кабули сигналхо, тахили аппаратураи электрони); каналхои толеграф (истифодаи воситахои хатти алока, сохтани каналхои характеристикаашон муайян); шабакахои телеграф (интихоби услубхои пайвасти абонентхо ва пунктхои нихои, чойгиркунии стансияхо, сифати хизматрасони).
Дар телеграфия бо максади хушсифат ирсол намудани тахрифхои сигналхои телографи, сабаб ва конунияти пайдоиши тахрифхо аз услубхои ислохи онхоро меомузанд, ки хангоми ирсоли информация ба вучуд меоянд. Телеграфия бар хилофи дигар намудхон алока асосан маълумоти дискрети (фосилави)-ро ирсол мекунад, ки аз харфхо, ракамхо ва аломатхои «махсус таркиб ёфтаанд Сигналхои ирсоли маълумот инчунин дисткретианд. Асоси назариявии телеграфияро назарияи алока, назарияи информация, назарияи зутимолият ва алгебраи Вуль ташкил медиханд. Фототелеграфия яке аз фаслхои махсуси телеграфия мебошад. Асоси телеграфияро дар Россия П. Л. Шиллинг гузоштааст. У соли 1832 нахустин комплекси олатхоро барои алокаи телеграфи электри ихтироъ кард.
Ба инкишофи телеграфия олимон ва ихтироъкорони совети Г. В. Дашкевич, А. Ф. Шорин, П. А. Азбукин, А. Д. Игнатьев, Л. И. Тремль ва дигарон сахм гузоштаанд.