ТЕХНЕСИЙ (лотини Тесhnetium, аз юнони technetos — сунъи), Тс, элементи химиявии радиоактив аз гурухи VII системаи даврии Менделеев; раками атоми 43, массаи атоми 98,9062. Технесий яке аз элементхоест, ки мавчудияти онро хануз пеш аз кашф шуданаш Д. И. Менделеев асри 19 пешгуи карда буд. Дар табиат ба микдори кам (10-10г дар 1 тон маъдани уран) ёфт мешавад Технесийро соли 1937 олимони итолиёви Э. Сегре ва К. Перре хангоми бодейтрояхо (ядрохои вазнини гидроген) бомбаборон намудани ядрохои молибден ба таври маснуъ хосил намуданд ва он номи «технеций» (сунъи)-ро гирифт. Технесий изотопи собит надорад. Мухимтарин изотопхояш 99Тс (Т1/2 = 2,12.10-5 соk) ва 99mТс (Т1/2 = 6,04 соат) мебошанд.
Технесий металли чакушхур ва ёзандаи хокистарранг аст; t гуд. 2200±500С, t чуш. 4700°С, зичиаш 11500 кг/м3.
Дар харорати 11,2°К ба фавкуннокил табдил меёбад. Фаъолияти химиявии Технесий ба манган ва рений хеле наздик аст. Дарачаи оксидшавиаш аз —1 то +7 тагйир меббад. Бо оксиген оксидхои ТС2О7 ва ТсО2, бо хлор ва фтор галогенидхои 4—5 ва 6-валента, бо сулфур сулфидхои Тс2S7 ва ТсS7 хосил мекунад. Кислотаи НТс04 (махлули гулоби) ва намакхои МТс04 (М = Nа, К, NH4 ва ГАЙРА). пайвастхои органикии Технесий низ маълуманд. Комплексхои — С5Н5Тс(.СО)3 ва ГАЙРАИ Технесий ахамияти калони илми ва амали доранд. Асосан аз партовхои саноати атоми дар шакли пайвастхо хосил мекунанд. Технесий оксидкунандаи нихоят кави ва ингибитори коррозияи металлхо буда, барои сохтаня масолехи конструкциони истифода мешавад. Изотопи 99mТс дар тиб барои муоличаи беморихои чигар ва гадудхо ба кор меравад. Онро ба сифати катализатор ва фавкуннокил низ истифода мебаранд. Бинобар элементи радиоактив буданаш хангоми бо он сарукор доштан коидахои бехатариро риоя бояд кард.
Адабиёт: М. Грин, Металлоорганические соединения переходных элементом, Москва, 1072; Производство изотопов, Мостква. 1973; А. Г. Кульман, Общая химия, Москва, 1979. Г. Идрисов.