Маълумоти охирин

ТАЪРИЗ

ТАЪРИЗ (араби — эътироз кардан) як навъ киноя буда дар шеър ба байт ё якчанд байти шоири дигар эрод гирифтан аст. Эродхо ниобат ба хариф бештар бо суханони тамасхуромез бо киноягуи ва сарзаниш изхор мешаванд. Масалан дар «Чахор макола»-и Низомии Арузии Самарканди омалааст, ки рузе вакти набудани Рашидии Самарканди подшох аз шоир Амъак пурсид, ки: «Шеъри Рашидиро чун мебини?». Гуфт, ки: «Шеъри у багоят нек аст, вале кадре намакаш дар мебояд». Подшох ин суханро дар мачлисс ба гуши Рашиди расонид ва у ин мисраъхоро дар таъриз гуфт:
Шеърхои маро ба бенамаки
Айб карди, раво бувад шояд.
Шеъри ман хамчу шаккару шахд аст
В-андар ин ду намак наку н-ояд.
Шалгаму боклист гуфтаи ту,
Намак, эй калтабон, туро бояд.
Таъриз бештар дар байни шоирони касидасаро маъмул буд. Аксаран таъриз бадохатан гуфта шуда аз кудрати суханварии шоир шаходат медод. Гохо шоирон дар таъриз бо истифодаи ибороти кабех аз хадди одоби сухан берун рафтаанд.
Х. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …