Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРЗ

ТАРЗ

ТАРЗ (араби— тавр, тарика, услуб), категорияи грамматикии феъл, ки муносибати ба фоилу мафъул (субъекту объект) доштаи амалро ифода мекунад. Хелхои тарз, ифода ва воситахои грамматикии он дар забонхо гуногунанд. Дар забони точики ду тарз — фоили ва мафъули вучуд дорад. Гузаранда ва монда будани феълхои забони точики ба ифодаи Тарз алокаманд аст. Дар тарзи фоили амале ифода мешавад, ки он ба объект бевосита равона шудааст (Сангин мактубро навишта буд). Тарзи мафъули амалеро мефахмонад, ки объекти он мубтадои чумла аст (Мевахо чида шуданд). Ин тарз бо феълхои гузаранда ва феъли ёридихандаи «шудан» ифода мешавад. Шакли тарзи мафъули объекти бевосита гирифта наметавонад. Субъекти амал одатан хамчун пуркунандаи бавосита меояд (Мактуб аз тарафи Сангин навишта шуда буд). Феъли ёридихандаи «шудан» воситаи грамматикии ин тарз мебошад. Хатто дар феълхои таркибии номи хам гохо феълхои ёридиханда тарзи феълро таъин мекунанд. Феълхои ёридихандаи «кардан» ё «намудан» тарзи фоилиро мефахмонанд (ичро кардан, ичро намудан) ; феълхои ёридихандаи «шудан», «гаштан», «ёфтан» ифодагари тарзи мафъулии феъл мебошанд (ичро шудан, бартараф гардидан, кабул ёфтан). Тарзхои феъл ба синтаксис ва таркибхои фаъолу нофаъоли чумла робитаи кави доранд. Д. Точиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …