ТАРАНЧАБИН тарангубин, шахдест, ки аз шабнам ба руи уштурхор (янток) фуру нишаста сафед шуша мебандад. Таранчабин баъзан дар барги бед низ пайдо мешавад, ки онро афшонда мегирифтанд. Таранчабин монанди шакар аст. Аз ин ру, онро шакари хор низ мегуянд. Таранчабинро дар тиб ва халвопази истифода мекарданд.