Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри ТОШКЕНТ

Шахри ТОШКЕНТ

ТОШКЕНТ, пойтахти Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон маркази вилоят Тошкент. Дар водии дарёи Чирчик вокеъ аст. Узели рохи охан. Ахолиаш 1986 хазор нафарар (1984). Ба 10 район токсим шудааст.
Дар Тошкент зиёда аз 200 корхонаи саноати хаст. Сохахои асосии саноат: мошинсози, саноати сабук ва хуроквори. Корхонахои калонтаринаш: «Ташсельмаш», «Узбексельмаш», «Таштекстилмаш», комбинати бофандаги, заводи авиационии ба номи В. П. Чкалов, заводхои экскватор, кабели электри ва гайра. Аз соли 1977 метрополитен кор мекунад.

tashkent
Дар Тошкент Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, 19 донишкадаи оли (аз чумла университет), 9 театр, 8 музей мавчуд аст. Ёдгорихои меъмории шахр ба асрхои 15—16 тааллук доранд. Тошкент яке аз шахрхои кадимтарини Осиёи Миёна аст. Дар худуди шахр ашёи асри санг ёфт шудаанд. Аз кабристонхои худуди Тошкент оинахои биринчи, тангахои давлатхои гуногуни асрхои аввдли то м. ба даст омадаанд. Махалхои ахолинишини шахр дар асрхои 4—5 м. ба вучуд омада, дар маъхазхои таърихи бори аввал бо номи Чоч (Шош) номбар шудааст. Дар асрхои 8—9 шахр Банокат ном дошта, маркази вилояти таърихии Чоч гардид. Онро ибтидои асри 8 арабхо истилоданд. Шахр бо номи Тошкент аввалин маротиба дар асри 11 каламдод шудааст. Дар асрхои 9—10 дар хайати давлати Сомониён, аз охири асри 10 то ибтидои асри 13 дар хайати давлати Карахониён ва Карахидониён буд. Ибтидои асри 13 Тошкентро шохи Хоразм Мухаммади Хоразмшох забт кард ва бо амри у соли 1214 шахр хароб ва СОКИНОНАШ мухочир карда шуданд. Дар асри 14 Тошкентро Темур ба давлати худ хамрох карда, ба яке аз калонтарин калъахо табдил дод. Дар нимаи дуюми асри 16 Тошкент ба хонии Бухоро хамрох шуд.
Дар асрхои 17—18 онро казокхою калмокхо забт намуданд. Соли 1809 ба хайати хонии Хуканд, соли 1865 ба хайати империяи Россия хамрох гардид. Аз соли 1867 маркази генералгубернатории Туркистон ва вилояти Сирдарё буд. Соли 1899 то Тошкент рохи охани Закаспий ва соли 1906 рохи охани Оренбург— Тошкент сохта шуд. Тошкент узели асосии рохи охани, пункти савдо ва транзитии Осиёи Миёна гардид. Соли 1913 дар Тошкент 111 корхонаи хурди саноати, 3,5 хазор корхонаи косиби буд, 22 ширкати руси ва хоричи амал мекард. Солхои 1905—07 Тошкент ба маркази харакати революционии халккои Осиёи Миёна табдил ёфт. Соли 1906 дар ин чо Конференцияи 1-уми кишварии ташкилотхои с. д.-и Туркистон баргузор шуд. Соли 1912 дар лагерхои харбии назди Тошкент шуриши сапёрхои Туркистон ба амал омад. Соли 1917 пролетариати Тошкент ба харакати революционии кишвар сарвари кард: 28 октябри (10 ноябр) 1917 комитети революциони таъсис ёфт ва барои хокимияти Советхо шуриш сар шуд. 1 (14) ноябри 1917 калъаи харби, ки онро аскарони Хукумати муваккати мудофиа мекарданд, ишгол карда шуда, дар Тошкент Хокимияти Совети барпо гардид. Мохи апрели 1918 Тошкент пойтахти Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон шуд. Июни 1918 дар Тошкент Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Туркистон баргузор шуд. Дар солхои Чанги граждани (1918—20) Тошкент маркази муборизаи халккои Осиёи Миёна бар зидди босмачиён ва интервенсияи харби гардид. Соли 1924 ба хайати Ресспубликаи Совети Ссотсиалистии Узбакистон хамрох шуда, аз соли 1930 пойтахти он карор гирифт. Дар давраи Чанги Бузурги Ватани (1941—45) аз нохияхои гарбии СССР ба Тошкент корхонахои саноати, донишкадахо ва муассисахои мадани кучида омаданд Тошкент солхои баъди чанг маркази саноати вазнин (асосан мошинсози) гардид. Тошкент чои вохуриву симпозиумхои намояндагони мамлакаткои Осиё ва Африка аст. Дар ин чо рохбарони Хиндустон ва Покистон ба декларасияи соли 1961 имзо гузоштанд. Соли 1966 дар Тошкент зилзила ба амал омад, ки зарари он бо ёрдами республикахои бародари бархам дода шуд. Шахр бо ордени Байраки Сурх (1924) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …