Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Панчакент

Шахри Панчакент

Панчакент, шахр (то 1953 — птш), маркази маъмурии райони Панчакенти вилояти Ленинобод. 68 км шарктари шахри Самарканд, дар сохили чапи дарёи Зарафшои вокеъ аст. Баландиаш аз сохили бахр 930 м, Харорати миёнаи январи —1 °, июл 25,6° С. Боришоти солона 325 мм. Ахолиаш 17000 нафар (1976). Роххои автомобилгард Панчакентро бо шахрхои Ленинобод (340 км, ба воситаи Са­марканд) ва Душанбе (270 км, ба во­ситаи агбаи Анзоб) мепайванданд.

Панчакент яке аз шахрхои саноатии рес­публика аст. Дар Панчакент заводхои консерви меваю сабзавот, коркарди тамоку, хишт, комбинатхои орду биринч, гушту шир ва хизмати маиши, идорахои бинокори ва таъмиру бинокори хастанд, Ба ахоли 61 муассисаи савдо ва 64 нуктаи хуроки умуми хизмат мерасонад. Панчакент дорои омузишгоххои педагоги, тибби (филиали омузишгохи тиббии шахри Ленинобод), касбхои техники, 6 мактаби миёна, 2 мактаби 8-сола, мактаби мусики, хонаи пионерон, 4 китобхона, 4 клуб, кинотеатр, 2 хонаи маданият ва театри халки мебошад.

Соли 1958 Му­зеи республикавии таъриху кишваршиносии ба номи Рудаки таъсис ёфт. Аз ёдгорихои меъмори мадрасаи Олим Додхох (асрхои 18—19) боки мондааст. Дар Панчакент Экспедитсияи иктишофи геологии Могиён ва Базаи ар­хеологии Институти таърихи АФ РСС Точикистон карор гирифтаанд. 56 км чанубу шарктари Панчакент, дар дехаи Панчруд оромгохи Абуабдуллохи Рудаки вокеъ аст. Панчакент яке аз марказхои туристии республика буда, дар он филиа­ли точикистонии «Интурист» хаст.

Панчакент яке аз шахрхои бостонии Осиёи Миёна мебошад (ниг. Панчакенти кадим). Пас аз истилои араб (соли 722) Панчакент дар мавзеи Кавола ва асри 15 дар чои хозирааш бунёд ёфтааст. Дар асрхои 15—19 Панчакент баъди Самарканду Бухоро шахри калонтарин ва яке аз марказхои илму хунарманди ва савдои водии Зарафшон буд. Хокимияти Совети дар Панчакент аввали соли 1918 барпо гардид.

Солхои 1918—1924 Панчакент дар хайати РАСС Туркистон, 1924—1929 РАСС Точикистон буд. Аз октябри 1929 ба хайати РСС Точикистон дохил аст. Аз соли 1930 маркази райони Панчакент. Дар солхои Хокимияти Совети Панчакент ба шахри ободу зебое табдил ёфт. Бинохои 4—5 ошёнаи маъмурию истикомати сохта шудаид. Дар сохили дарё Зарафшон кули «Ком­сомол» бунёд ёфт. Дар маркази шахр хайкали В. И. Ленин ва ба шарафи шахидони Чанги Бузурги Ватани мучассамаи ёдгори гузошта шудааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …