Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Нисо

Шахри Нисо

Нисо шахри кадим ва асримиёнаги (димнаи он холо дар масофаи 18 километр Шимоли Гарби шахри Ашкобод вокеъ аст). Дар асри 3 то милоди— асри 3 милоди Нисо аз Шахристон (димнаи Нисои Нав, такрибан 18 га) ва кароргохи мустахками шохи Порт (димнаи Hисои Кухан, номи кадимиаш Мехрдодкарт, такрибан 14 га) иборат буд. Солхои 1946—60 олими совети М. Е. Массон мунтазам хафриёти археологи гузаронд. Дар натичаи хафриёт материалхои нодири рочеъ ба таъриху маданияти шохии Порт ба даст омаданд. Дар Нисои Нав ва Кухан бокимондаи девори калъа, маъбадхо, каср, бинохои хочаги ва истикомати кушода шуданд. Аз онхо хазинаи шох, хайкалхои мармарин, асбобхои зебу зинат, пластинкахои хурд, яроку аслиха, асбоби рузгор ва гайра ёфт шуданд.

Бозёфтхо шаходат медиханд, ки асрхои 3—1 то милод ба маданияти Порт таъсири маданияти эллини зиёд буд. Дар натичаи хафриёт инчунин зиёда аз 2000 хуччати хочагидории дар руи сафолпорахо навишташудаи (хусусан оид ба майкаши) муталлик ба асри 1 то милод ба даст омаданд, ки онхо бо алифбои ороми ба забони порти  навишта шудаанд. Баъди пароканда шудани шохии Порт (асри 3) Нисо таназзул ёфт. Танхо дар нимаи дуюми асри 5 дубора баркарор гардид. Дар асрхои 11—12 хамчун маркази Хуросон аз нав ахамияти иктисодию сиёси пайдо кард. Аз асри 16 Нисо мунтазам хароб гашт ва дар солхои 20 асри 19 танхо димнаи он боки монд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …