Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ШУЪЛАИ ИНКИЛОБ»

«ШУЪЛАИ ИНКИЛОБ»

shulai-inkilob

«ШУЪЛАИ ИНКИЛОБ», газета, аввалин органи матбуоти советии точик. Ин газетаи чамъиятиву сиёси ва адаби хамчун ношири афкори Партияи Коммунистии Туркистон дар Самарканд аз 10 апр. 1919 то 8 дек. 1921 чоп шудааст. Мухаррири «Ш. и.» Сайидризо Ализода ва хаттоташ («Ш. и.» ба таври чопи санги нашр мешуд) Фахриддини Рочи буд. «Ш. и.» аввалин газетаест, ки хонандаи точикро бо баъзе нутку маколахои В. И. Ленин, аввалин декретхои Хокимияти Совети шинос кард. Масъалахои асосие, ки ба онхо «Ш. и.» бештар диккат медод, мубориза барои мустахкам кардани Хокимияти Совети, -мубориза ба мукобили душманони синфи ва босмачихо, мубориза барои озодии занон, баробархукукии зану мард тараккиёти мактабу маориф ва маданият буданд. «Ш. и.» дар инкишофи адабиёти советии точик хизмати арзандае кардааст. Дар сахифахои он аввалин шеърхои революционни С. Айни, Ф. Рочи ва дигар адибон нашр шудаанд. «Ш. и.» дар хачми 8 сахифа хафтае як бор чоп мешуд. Хамаги 91 шумора баромад.

И. Усмонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.