Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВИ

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВИ

surati-reaksiya

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВИ, мафхуми асосии кинетикаи химиявист, ки тагйир ёфтани адади заррахо (молекулахо, ионхо)-и хамагуна моддаи дар реакция иштироккунандаро дар вохиди вакт ба вохиди хачм (барои реакцияхои гомогени) ё ба вохиди масохати сатх (барои реакцияхои гетерогени ва топохимияви) ифода мекунад. Суръати реаксияхои химиявиро микдоран аз руи тагйири консентрацияи моддахои ба реакция дохилшаванда ё махсули реаксия муайян мекунанд. Молекулахо дар вохиди вакт хар кадар зиёдтар ба хам бархуранд, Суръати реаксияхои химияви хамон кадар зиёд мешавад. Хангоми баланд шудани харорат суръати харакати молекулахо зиёд шуда, сабаби афзудани адади молекулахои ба хам бархуранда мегардад. Баробари ин Суръати реаксияхои химияви зиёд мешавад. Хангоми баланд шудани харорат ба хар 10°С Суръати реаксияхои химияви гомогени мутаносибан 2—4 маротиба меафзояд (конуни Вант — Гофф). Суръати реаксияхои химиявиро инчунин бо катализаторхо низ тагйир додан мумкин аст. Суръати табаддулоти гуногуни химияви дар табиат хар хел аст. Масалан, ходисахои таркиш вараъду барк (аз дах хазор як кисми сония), ходисаи зангзании металлхо ва маснуоти металли, ба вучуд омадани минералхо ва гайра даххо, садхо ва хазорхо сол давом мекунанд. Холо инсоният шароити бавучудоии реакцияхои химиявиро ба хисоб гирифта, суръати онхоро дар саноат тагйир дода, барои самаранокии махсулоти химияви, пешрафти хочагии халк истифода мебаранд. Суръати реаксияхои химиявиро бо усулхои фотометри, полирографи, потенсиометри ва гайра муаиян мекунанд.

Адабиёт: Эмануэль Н. М., Кнорре Д.Г. Курс химической кинетики, Москва, 1974; Глинка Н. Л., Общая химия, Ленинград. 1977. Н. Кобилов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …