Маълумоти охирин

СУРУШ

СУРУШ (авестои — сраоша — фармонбари), дар асотири эронии кадим ва маздоясно эзид (фаришта)-и фармонбарист. Дар Авесто «Сурушяшт» (кисми «Яштхо») ва карда (фасл)-и 57 «Ясно» аз Суруш, амалу вазифахои у сухан меравад. Дар кисмхои дигари Авесто («Готхо», «Хурд- Авесто», «Вандидод» ва гайра) низ Суруш борхо бо сифатхои хучаста, нек, тавоно, пирузманд, хушандом, далер ва гайра ёд мешавад. Суруш рузи растохез (киёмат) хамрохи Митра ва Рашн дар сари пули Чинвот (Сирот) ба довари нишаста, ба кирдори ростон ва дуругпарастон бахо медихад. Вай монанди Митра доимо бедор аст, рузу шаб мардумро аз бадкирдорон — девон (масъалан деви Аешма — Хашм) бо гурзу шамшеру ханчар посбони мекунад. Нишемангохаш кухи Албурз, дижаш хазорсутун ва ситоранишон мебошад. Сраошавареза (гумоштаи Суруш) хурус аст, ки бомдодон мардумро бедор мекунад. Аа ин чо зардуштиён хурусро азиз модоранд ва сахархезиро хислати хуб мешуморанд. Дар адабиёти мутаахираи маздаясно Суруш монанди Чабраили исломи пайки эзидист ва гуё ба Зардушт вахй меовардааст. Дар солшумории зардушти рузи 17-уми хар мох номи Сурушро гирифтааст. Суруш чун пайки хушхабару муждарасон дар осори адибони классикии форс-точик борхо зикр шудааст.

Масъалан:

Ба фармони яздон хучаста Суруш,

Маро руй бинмуд дар хоб душ.

(Фирвавси).

Дахову дихиш дораду мардуми,

Сурушест дар сурати одами.

(Низоми)

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …