Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРОИ АМНИЯТ

ШУРОИ АМНИЯТ

shuroi-amniyat

СОВЕТИ АМНИЯТ, органи мухими доимоамалкунандаи Ташкилоти Давлатхои Муттахида. Ба зиммаи Совети Амният масъулияти асоси—пойдор намудани сулху амнияти байналхалки гузошта шудааст. Совети Амният аз номи хамаи давлатхои аъзои ТДМ амал мекунад. Совети Амният аз 15 аъзо иборат мебошад (моддаи 23): аз онхо панчто — СССР, ШМА, Британияи Кабир, Франсия ва Хитой аъзоёни доимии Совет, дахтояшон аъзоёни гайридоими мебошанд, ки онхоро Ассамблеяи Генералии ТДМ ба муддати 2 сол интихоб мекунад. Бо карори Ассамблеяи Генералии ТДМ аз 14 декабри 1963 плани таксим кардани 10 чои гайридоимии Совети Амният мукаррар карда шуд, ки ба тарики зер аст: аз Африка ва Осиё—5, аз Европаи Шарки—1, аз Америкаи Лотини ва минтакаи бахри Кариб —2, аз Европаи Гарби ва дигар давлатхо 2 аъзо (Канада, Австралия ва Зеландияи Нав дар назар дошта мешавад). Вазифаи Совети Амният аз таъмини сулху амнияти байналхалки иборат аст.

  Совети Амният ваколатдор шудааст, ки хама гуна бахс ё хар гуна холатеро, ки метавонад ба зиддият оварда расонад ва боиси низоъ гардад, тафтиш кунад. Мувофики Устави ТДМ Совети Амният органи ташкили буда, мухофизати сулху амнияти чахони ба зиммаи он гузошта шудааст. Вай хукук дорад, ки аз номи органи ташкили доир ба устувор гардонидани сулх ё баркарор кардани он то хадди истифода бурдани куввахои мусаллах чорачуи кунад. Совети Амният органхои ёрирасони худро дорад, ки инхоянд: Комитети харбии штаби, Комитети экспертхо, Комитети доир ба кабули аъзоёни нави ТДМ. Хар як аъзои Совети Амният як овоз дорад. Агар ба тарафдории масъалахои мухим 9 аъзои Совети Амният овоз дихад, карор амали мегардад. Дар Совети Амният принсипи (яковози) аъзоёни доимии он («хукуки вето») амал мекунад, ки яке аз нуктахои асосии Устав мебошад. Карорхои Солвети Амният барои хамаи аъзоёни ТДМ хатмист, (моддаи 25).

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …