Маълумоти охирин

СУМАНАК

sumanak

СУМАНАК, сумалак,   сабунак, суман, симан, як навъ таоми хушхури точикист. Суманакро бо тарзхои гуногун тайёр мекунанд; бештар чун атолаи гафс мепазанд, ки ассоси дар водихо маъмул аст. Аввал гандумро дар чои махсус месабзованд, сипас куфта шираашро мегиранд. Дар равган ордро таф мадиханд ва баъд ба он оби чуш рехта, мекобанд. Баъди чушидани атолаи Суманак ба он шираи гандум хамрох карда, мунтазам мекобанд. Одатан Суманакро аввали шаб ба дег андохта, то карибии сахар мепазанд; сипас оташи таги дегро кашида, онро дам медиханд. Точикони Бухоро ба гайр аз орду шираи гандум ба Суманак киёми канд (ё ширини) низ хамрох мекунанд. Дар ин холат Суманак хам ширин ва хам муддати дароз нигох дошта мешавад. Тарзи дигари тайёр кардаяи Суманак низ вучуд дорад: ба хамир ба чои об шираи гандум хамрох намуда, дар таги хокистари оташдон ё дар болои тобасанг мепазанд. Кулчан Суманакро чунин тайёр мекунанд: гандумро андаке сабзсонда мехушконанд. Сипас дар осиё орд карда, чун нони мукаррари мепазанд, ки онро кулча ё нони Суманак меноманд. Суманакро дар арафаи Навруз ё маросимхои дигар мепазаяд. Хангоми пухтани Суманак чавонзанхо раксу бози мекунанд. Дар гузашта занон дар сари деги Суманак бо либоси сафед нишаста, занхои хомила, бефарзанд, шахсояи азодорро назди худ рох намедоданд. Дар хонахои азодорон Суманак намепухтанд.      М. Хомидчонова.

sumanak1

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …