Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНАЛИИ КОИНИ

СУЛТОНАЛИИ КОИНИ

СУЛТОНАЛИИ КОИНИ    (соли таваллуд намаълум — вафот 1508), хаттоти форс-точик. Шогирди Азхари Табрези. Аввал дар Табрез зиста, вазифаи котибии дарбори Султон Яъкуби Оккуюнлуро ба ухда дошт. Пас аз марги Яъкуб хизмати дарбори Рустами Оккуюнлуро адо кардааст. Аз Табрез муддате ба Хичоз меравад ва аз он чо ба Хирот сафар карда, ба дарбори Султон Хусайни Бойкаро рох меёбад ва баъзе аз китобати худро «Султони» имзо мекунад. Султоналии Коини бештар осори Абдуррахмони Чомиро китобат мекард. Дар навиштани хати настаълик, насх ва рикоъ мохир буд. Ин анвои хатро ба услуби Азхари Табрези менавишт. Султоналии Коини шеър низ мегуфт, намунахои ашъораш бо хати худи у боки мондаанд. И. Калонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.