Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУЛФИДХО

СУЛФИДХО

СУЛФИДХО (аз лотиниsulphur, sulfur — сулфур), пайвастхои химиявии сулфур бо металлхо ва баъзе гайриметаллхо; намакхои кислотаи гидрогенсулфид (Н2S). Сулфидхо ду хел мешаванд: Сулфидхои миёна — М2S ва турш (гидросулфидхо) — МНS (М — металли яквалента).

Сулфидхои металлхои ишкори моддахои беранг буда, дар об нагз хал мешаванд. Мухити махлули обиашон ишкорист. Аз таъсири кислотахои сероб Н2S чудо мекунанд.

Сулфидхои металлхои ишкорзамини низ моддахои беранг буда, дар об бад хал мешаванд. Дар хавои нам Н2S чудо мекунанд. Хам Сулфидхои металлхои ишкори ва хам Сулфидхои металлхои ишкорзамини то сулфатхо оксид мешаванд.

Сулфидхои металлхои вазнин дар обхал намешаванд. Рангашон гуногун. Сулфидхоро бо роххои зерин хосил мекунанд:

1) пайвастшавии бевоситаи элементхо; 2) таъсиро махлулхои обии намакхо бо Н2S ё (NН4)2S; 3) таъсири гидрооксидхо бо Н2S; 4) бо рохи бо ангишт баркарор намудани сулфатхо.

Сулфидхо дар сохахои гуногуни хочагии халк истифода мешаванд: дар истехсоли чарм, хочагии кишлок, саноати химия ва гайра.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …