СУХРАИ СУГД, Сухраи Аримаз, як калъаи кухист дар вилояти Сурхондарёи Ресспубликаи Совети СотсиалистииУзбакистон. Дар наздикии рохи Сугд — Парстакан ва гузаргохи байникухии Дарбанд (куххои Бойсун), ки асрхои миёна бо номи «Дарвозаи оханин» машхур буд, вокеъ гаштааст. Сухраи Сугд дастнорас буда, ба суи он танхо то горе пайрохаи танг мерафт. Ин гор дар баландии миёнаиСухраи Сугд вокеъ гашта, вазифаи гурезгохро адо мекард. Дар давраи юриши Искандари Макдуни бисёр дохиёни Сугд ва Бохтар бо оилахояшон, аз чумла духтари Оксиарт ва завчаи ояндаи Искандар — Рухшона, дар Сухраи Сугд панох ёфта будаанд. Искандар Сухраи Сугдро бахори соли 327 то мелод ба даст дароварда, мухофизони онро берахмона чазо дод. Сухраи Сугд бо номи Сухраи Оксиарт низ машхур аст.
И. В. Пьянков.