Маълумоти охирин

СОЛ

СОЛ, фосилаи вактест, ки такрибан ба як даври гардиши Замин дар атрофи Офтоб баробар меояд. Аз кадимулайём ин чониб ду мафхуми Сол—соли шамси (ё табии) ва соли камари (ё истилохи) маълум аст, ки зимнан дар байни аксар халку кишвархои дунё интишор ёфтааст. Тавсифи илмии ин солхоро Абурайхони Беруни дар нахустин асари астрономи (ба точики) «Ат-тафхим зикр кардааст. Масалан, соли шамсиро чунин таъриф додааст: «Соли табии иборат аст аз он муддат, ки андар у як бор гардиши гармо ва сармо ва кишту зех ба тамоми бувад. Ва огози ин муддат аз будани Офтоб аст ба нуктае афалакулбуруч, то бад-у боз ояд. В-аз ин чихат ба Офтоб мансуб карда омад ин сол. Ва андозаи у сесаду шасту панч руз аст ва касри аз чахоряки руз камтар, чунон-к мо хамеёбем, в-аз чахоряки руз бештар чунон-к пешинагон хамеёфтанд».

  Ба кадри инкишофи илму амалия мафхуми Сол аз пештара дида хеле васеъ шуд. Дар ин байн дар астрономия шаш мафхуми Сол ташаккул ёфт, ки хар яке чой ва мавриди истифода дорад: 1) Соли сидери (ситорави), ба як гардиши намоёни Офтоб дар сфераи осмон нисбат ба ситорахои бехаракат мувофик меояд; ба хисоби миёнаи ба 365, 2564 шаборузи офтоби баробар аст; 2) Соли тропики фосилаи вактест, ки дар он Офтоб нуктаи эътидоли бахориро пай дар пай ду маротиба мегузарад (365, 2422 шаборуз); 3) Соли аномали фосилаи вактест, ки маркази Офтоб аз перигени мадори геосентриаш пай дар пай ду маротиба мегузарад (365, 2596 шаборуз); 4)           Соли тиннини гуфта фосилаи вактеро меноманд, ки Офтоб гирехи мадори Мох (гирехи фароз ё гирехи нишеб)-ро дар эклиптика пай дар пай ду маротиба тай мекунад (346, 6200 шаборуз). Дар кавсайнхо давомати хамаи Солхо барои соли 1900 оварда шудаанд; 5) Соли таквими, барои солхои мукаррари ба 365 шаборуз, барои солхои кабиса ба 366 шаборуз баробар аст; 6) Соли камари ба 12 мохи синоди (ба хисоби миёна 354, 367 шаборуз) баробар мебошад.

Нигаред низ Солшумори, Таквим.

2018

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …