СОБИРОВ Кодир Собирович (7. 9. 1924, дехаи Кистакузи райони Хучанд —9. 9. 1974, шахри Душанбе), файласуфи совети, доктори илмхои фалсафа (1970), профессор (1973). Аз оилаи колхозчи. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941-45). Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). соли 1948—49 муаллими калон, баъд мудири ка- федраи асосхои марксизм-ленинизми Институти муаллимии вилояти Кулоб. Солхои 1949—51 мудири гурухи лекторони Комитети вилоятии Кулоб ва муаллими калони кафедраи асосхои марксизм-лениниэми Институти муаллимии Кулоб. Солхои 1951—54 аспиранти Шуъбаи фалсафаи АФ Точикистон. Солхои 1955—58 мудири кафедраи марксизм- ленинизми Институти давлатии педагогии Кулоб. Солхои 1958—62 мудири сектори материализми таърихии Шуъбаи фалсафаи АФ Точикистон. Соли 1962 досенти кафедраи таърихи КПСС, солхои 1963—70 дотсенти кафедраи коммунизми илмии УДТ ва аз соли 1971 мудири кафедраи коммунизми илмии донишкадаи мазкур буд. Тадкикоти илмиаш ба масъалахои актуалии материализми таърихи, таърихи КПСС ва коммунизми илми, алалхусус ба ташаккул ва инкишофи миллатхои сотсиалистии Шарки Совети оиданд. Бо ордени «Ситораи Сурх», медалхо ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.
Асархо: Ташаккул ва иннишофи миллат- хои социалистии Шарки Советй, Душанбе, 1964; Таджикская социалистическая нация— детище Октября, Душанбе, 1967.