Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СИСТЕМАИ СИЁСИИ ЧАМЪИЯТ

СИСТЕМАИ СИЁСИИ ЧАМЪИЯТ

sys-siyosii-jomea

СИСТЕМАИ СИЁСИИ ЧАМЪИЯТ, фаъолияти якчояи ташкилотхои давлатию чамъиятиест, ки бо ёрии онхо синфхои муайян хокимият, анъанаю дастурхои сиёси ва нормахои худро амали мегардонанд. Ташкилотхои чамъияти дар натичаи пайдоиши синфхою давлат хусусияти сиёси гирифтанд. Давлат, партияхо, иттифокхои касаба ва дигар ташкилотхое, ки максаду мароми сиёси доранд, кисмхои таркибии Системаи сиëсии чамъият мебошанд.

Муносибатхои сиёси бар хилофи омилхои иктисоди ва ичтимоию синфи хусусияти субъективи доранд. Онхо аз чигунагии муносибатхои истехсоли ва сиришти ичтимоию синфии чамъият, ирода ва шуури одамон вобастаги доранд. Системаи сиëсии чамъият дар айни хол ба инкишофи омилхои мазкур таъсири муайян мерасонад. Асосхои иктисодии Системаи сиëсии чамъияти сотсиалисти ва Системаи сиëсии чамъиятии капиталисти аз хам ба кулли фарк мекунанд. Системаи сиёсии чамъияти истисмори ба ду кисм чудо мешавад: системаи сиёси ва ташкилотхои сиёсии чамъият Мухолифати байни онхо антагонизми синфии дар ин форматсияи чамъиятию иктисоди вучуддоштаро инъикос мекунад.

Дар натичаи галабаи револютсияи сотсиалисти типи сифатан нави Системаи сиëсии чамъият ба вучуд омад, ки барои таъмини ягонагии ичтимоию иктисоди ва сиëсию идеологии чамъият ахамияти бузург дошт. Диктатураи пролетариат шакли нахустини Системаи сиëсии чамъияти совети буд. Системаи сиёсии сотсиализми мутаракки тачассуми бевоситаи ташкилоти сиёсии тамоми халк мебошад, ки дар халли масъалахои давлати ва чамъияти фаъолона иштирок мекунад. Системаи сиëсии чамъияти совети мачмуи ташкилотхои давлатию чамъиятие мебошад, ки бо ёрии он корхои давлатию чамъияти идора карда шуда, масъалахои ичтимоию сиёси, иктисоди ва маданию тарбиявии коммунизм хал карда мешаванд. Системаи сиëсии чамъиятии сотсиалисти бар хилофи Системаи сиëсии чамъияти капиталисти хамаи халкро муттахид карда, онхоро барои ичрои вазифахои сохтмони сотсиализм ва коммунизм сафарбар менамояд. Системаи сиëсии чамъияти сотсиалисти хамаи муносибатхоеро, ки дар байни синфхо, табакахои ичтимои, миллату халкиятхо, чамъият, коллектив ва шахсон бахри хокимият, ичрои вазифахои хаёти сиёси ташаккул меёбанд, дар бар мегирад ва танзим мекунад. Партияи коммунисти хамчун кувваи рохбарикунанда ва рахнамои системаи органхои хокимияти давлати, иттифокхои касаба, комсомол, кооператся, коллективхои мехнати ва дигар ташкилотхои чамъияти кисмхои таркибии Системаи сиëсит чамъияти совети мебошанд.

Коллективхои мехнати низ кисми таркибии Системаи сиëсии чамъияти совети мебошанд. Коллективхои мехнати дар мухокима ва халли корхои давлати ва чамъияти, баплангирии истехсолот ва тараккиёти ичтимои, тайёр намудан ва чо ба чо гузоштани кадрхо, мухокима ва халли масъалахол идоракунии корхонахо ва муассисахо, бехтар кардани шароити мехнат ва маишати коргарон ва гайра фаъолона иштирок мекунанд.

С. Чононов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …