Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИРХУРХО

ШИРХУРХО

ШИРХУРХО, ширмакхо, (Mammalia), як синфи чонварони мухрадорро гуянд. Ш. хайвоноти зиндазой буда, бачаашонро бо шир парвариш мекунанд. Дар руи замин, теппаи дарахт, хок, об ва хаво зиидаги мекунанд. Дарозиашон аз 3,8 см то 30 м ва зиёда аз он; вазнашон аз 1,5 г то 150 т.  Ачдоди кадимаи Ш. хазандахои даррандамонанди эраи мезозой (е-rapsida) хисоб мешаванд. Ш. 160— 170 млн сол пеш (давраи триас) вучуд доштанд.

shirxurho

Ш.-и хозира 19 катор (отряд), 118 оила ва кариб 4000 намуд доранд. Олами хайвоноти РСС Точикистон 84 намуди Ш. (аз чумла хашаротхурхо 7, дастболхо 18, заргушшаклхо 3, хояндахо 29, даррандахо 20 ва чуфтсумхо 7)-ро дар бар мегирад. Дар Точикистон Ш. аз хамворию биёбонхо cap карда, то баландкуххо зиндаги мекунанд. Мас., дар биёбон ва минтакахои нимбнёбони доманакуххо кариб 40, бешазорн куххо 38, баландкуххо 24—25 намуди Ш. маскунанд, дар Помир хамаги 15 намуди Ш. дида мошавад.

Ш. яке аз гуруххои нисбатан мухимми олами хайвонотанд. Аксар хайвоноти хонаги низ мансуби Ш. буда, баъзан онхо дар даврахои гуногуни тахаввулоти инсоният макоми калон доштанд: мас., то миёнаи а. 19. асп наклиёти асоси хисоб мешуд. Аз Ш. махсулоти барои хаёт зарур — муина, пуст, гушт, шир, равган, устухон ва г. мегиранд. Ш.-ро чун хайвоноти лаборатори (барои гузаронидани тачриба) низ истифода мебаранд. Баъзе Ш. (гург, хояндахо ва г.) ба чорводори, зироаткори зараррасонхои барангезандаи беморихои сироятии одаму хайвонот мобошалд. Дар натичаи аз хад зиёд шикор кардан ва тагйир ёфтани шароити табии шумораи аксар намудхои Ш. кам гашта, баъзеашон кариб нест шудаанд (мас., китхои калон, шер, паланг, маймунхои одамшакл ва г.) Бино ба маълумоти Иттифоки байналхалкии мухофизати табиат («Китоби сурх») алхол кариб 300 намуду навъхои Ш. махв шуда истодаанд. Тачрибахои дар СССР ва диг. мамлакатхо оид б а мухофизату тачдиди самур, шохгавазн ва г. гузаронида собит намудаанд, ки зимни истифодаи сарфакорона бисьёр хайвонхоро аз нести начот додан мумкин аст. Ш.-ро як кисмати зоология— териология меомузад.

Ад.: Виноградов Б. С., Павловский В. Н., Флеров К. К., Звери Таджикистана, М.— Л.. 1935; Давыдов Г. С., Фауна Таджикской ССР, Млекопитающие, т. XX. ч. 1, Ц., 1974; дамой муалл.. Пространственное размещение расселения млекопитающих Таджикистана в зависимости от структуры поясности. Зоологический сборник, ч. 1, Д., 1975.

Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …