Маълумоти охирин

ШИБОГ

shibogh

ШИБОГ, шивок,, явшон (Artemisia), чинси гиёххом 1—2 ва бисёрсола ва нимбуттаест аз оилаи мураккабгулхо. Пояаш аксаран серпашмаки хокистари буда, то 1,5 м кад мекашад. Баргаш чок-чок, баъзан яклухт, гулаш майда, бештар зард ё сурхтоби бунафш.

Ш. беш аз 400 намуд аст. Асосан дар минтакаи иклимаш муътадили Европа, Осиё, Америкаи Шимоли, Африкаи Чануби меруяд. Дар ССCP кариб 180 (аз чумла дар Точикистон 40) намуди Ш. месабзад. Ш. ба шурзамин ва камоби тобовар аст. Ш. дар олами набототи дашту нимбиёбони нохияхои шимол, чан. республика ва Помир мавкеи мухим дорад. Дар нохияхои камбориш ва шурзамин шибогзор чарогохи хуб (алалхусус тирамох, зимистон ва бахор) аст. Бисёр намудхои Ш.-ро чун растанихои доруи, равгани эфирдор ва сабзавот истифода мебаранд. С. Юнусов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …