Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «САНЪАТИ МАХЗУН»

«САНЪАТИ МАХЗУН»

«САНЪАТИ МАХЗУН» рисолаест доир ба назарияи иншо, таълифи Мирзо Абдулазими Соми. Аз мукаддима ва ду кисм иборат буда, намунаи хуччатхои расмиро дар бар мегирад. Муаллиф дар ри- сола вазъи умумии иншонависи ва номанигории Бухорои нимаи дуюми асри 19-ро инъикос кардааст. «Санъати Махзун» барои омузиши фаъолияти дабирон, коргузории вазоратхо, дафтархои харчу дахли мамлакат, андозхо ва хуччатхои расмии давлати сарчашмаи муътабар мебошад. Дар рисола акидахои эстетикии Соми ва муносибати у ба касби дабири ифода ёфтааст. « Санъати Махзун» барои омузиши санъатхои бадеи ва сабку услуби адабиёти точик низ ахамият дорад. Дар « Санъати Махзун » 20 санъати лафзи ва 24 санъати маънави мавриди бахс карор гирифтааст. Дар ганчинахои дастнависхои Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ва Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон 5 нусхаи дастхати он махфуз аст.
3. Хасанова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.