Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / САНГКОРИ

САНГКОРИ

САНГКОРИ, корхои бинокорнеро гуянд, ки хангоми аз сангхои табии ё сунъи бунёд кардани биною иншоот ба ичро мерасанд. Сангкори аэ чидани хишт ё санг, соручрези ва гайра, инчунин аз сохтани чуббасту хавозахои бинокори, ба чои кор кашонда тайёр кардани масолех ва гайра иборат аст. Аз замонхон кадим сар карда гилкорони мохир бинохои сангин ва иншооти инженерии мураккаб (манорахо, пулхои равокдор, бомхои гунбадшакл ва гайра) месохтанд. Аммо хамаи корхо дасти, нихоят суст ва факат дар мавсимхои гарми сол ичро карда мешуданд.

sangkori

Устохои гилкор хамаи корхои иловаги ва асосиро худашон мекарданд. Факат аз ибтидои асри 20 сар карда дар мамлакатхои мутаракки доир ба механиконидани просессхои Сангкори чорахо андешида шуданд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР технологияи Сангкори аз солхои 30 сар карда ба дарачаи на- моён тагйир ёфт ва тадричан истифодаи тарзхон самараноки кор, ас- бобу олоти нав ба рох монда шуд, усулхои бригадавии ташкили мехнат чори гардид.
Деворхо чанд намуд мешаванд: софсанги, сангию бетони, яклухт, сабук, оташбардор ва гайра. Девори сангию бетони одатан аз 50% санг ва 50% бетон иборат буда, дар колиб сохта мешавад. Девори я к л у х т аз навъхои гуногуни хишт бардошта мешавад. Деворхои с а б у к р о дар ошёнахои болои иморат истифода мебаранд. Девори оташбардор барои сохтани конструксияхое истифода мешавад, ки дучори хароратхои баланд мебошанд. Деворхои хиштиро бо гафсии 1, 1/2, 2,2 1/2 хишт ва беш аз он месозанд. Дар вакти ичрои корхои Сангкори аз чуббасту хавозахо, кранхои борбардор ва дигар олоту механизмхо истифода мебаранд.
А. Тешаев

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …