Маълумоти охирин

САНДАЛ

САНДАЛ, чандал, чандан, сафедсандал, сандалдарахт, (ЗапЫиш а1Ьит), дарахти хамешасабзест аз оилаи сандалищо. То 10 метр кад мекашад.

MINOLTA DIGITAL CAMERA
Сандал дарахти паразит аст. Дар решаи он «макакхо» (гаус- торияхо) хосил мешаванд. «Макакхо» моддахои гизоиро аз бофтаи найшакар, хайзурон, нахл (палма) ва гайра чаббида мегиранд. Сандал мустакил хам месабзад. Сандал дар Хиндустон, нимчазиаи Малакка ва чазирахои Малай (алалхусус дар сочзорхо) фаровон аст. Чуби он хушбуст ва хосияти давои дорад. Абуалии Сино аз Сандал мархам тайёр карда, барои табобати хафакон ва иллати меъда истифода бурдааст. Пустлохи танааш зард, хушбуй ва 3—6% равгани эфир дорад. Равгани эфири Сандалро дар атриёт ва тиб истифода мебаранд. Аз чубаш мучассамаву бозичахо месозанд. Баъзе намудхои Сандал, ки пустлохи хушбуй дорад, дар Зеландияи Нав ва Австралия месабзанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …