Маълумоти охирин

ШАМШОД

ШАМШОД, 1) шумшод (Buxus), як чииси бутта ё дарахтони хурди хамешасабзеро гуянд (аз оилаи шамшодхо). Баргаш думчакутох, гулаш майдаи бегулбарг. Мевааш гузаи секирраи тухмдор, тухмаш сиёхи байзашакл. Дар СССР 2 намуди худруй — В. colchica (Кавкази Гарби) ва В. hyrcana (Талыш) ва 4 намуди мазруи Шамшод месабзад.

shamshod

Хама намуд ва навъхои мазруи Шамшод барои сабзкори ахамияти калон доранд. Махсусан Шамшоди хамешасабз (В. sempervireos) дар республика хеле маъмул гаштааст. То 1м кад мекашад. Дар шароити кухистон хуб нашъунамо меёбад, дарахти сояпарвард буда, соле то 5 см кад мекашад. Зимистон баргхояш бури сурхтоб мешаванд.

Шамшодро аз тухм, каламча ва реша, зиёд мекунанд. Шамшод (махсусан навхои сояпарвард) 500—600 сол умр мебинад. Пустлох ва баргаш алклоиди буксин дорад. Чушоби реша, барг ва пуслохи Шамшодро табибони халки чун доруи исхоловар ва аракрон истифода мекунанд. Инчунин пустлохи Шамшодро барои ранг кардани тибит ба кор мебаранд. Чуби Шамшод сахт буда, дар кори харроти, кандакори, хаккоки ва барои тайёр кардани маснуоти гуногун (моку, шона, чадвал, табакча, коса ва г.) кимати баланд дорад. Абуисхоки Атъима гуфтааст:

Чи шева мекунад оби набот бо дили мо,

Ки бар табакчаи шамшоду косаи халабист,

2) Як навъ райхони сербаргу хушбуйро гуянд.

Ад.: Деревья и кустарники СССР, т. , М., 1958; Исмаилов М. И.. Вечнозелёные лиственные породы, дар кит.Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д.. 1985. В. В. Вилисова.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …