ШАХРИСТОН, дар асрхои миёна аз чор як кисми шахрхои Осиёи Миёна, ки бо деворхои мухофизави, ихота карда мешуд. Дар Шахристон ба чуз шох (вай дар кухандиз зиндаги менамуд) дигар хамаи табакахои чамъияти мезистанд. Шахристон хамчун кисми асосии шахр дар Бохтар, Сугд ва Марв дар хазораи 3 то м. буньёд шудааст. Дар замонхои кадим дар худуди Шахристон бо богдорию зироаткори низ машгул мешуданд. Шахристон аз махаллахо иборат буд, ки хар яки онхо бинохои маъмури, чамъияти, ибодатхона ва бозорчахои тимдор доштанд. Маркази умуми ва чои чамъиятии Шахрисабз регистон дар сари Чорсу буд. Дар ин кисматхои Шахрисабз вазорат, кабиристон ва ибодатгоххои калои чойгирифта, шахриён чашну маросимхои калон мегузарониданд. Маъхазхои а-хои 9—10 шаходат медиханд, ки Самарканд Шахрисабзи дохили ва беруни дошт. Шахрисабзи дохили хамчун кисми кадимтарини шахр бо девору дарвозаи алохида чудо мешуд. Шахрисабзи беруни дар авв. асрхои миёна буньёд шуда, дар ахди Сомониён ру ба таракки ниход. Як замонхо онро шахри беруна ё работ мехисобиданд, зеро вай берун аз девори мудофиавии Шахрисабз буньёд гардида буд. Баъди дар атрофаш деворхои мухофизави ва дарвозахо сохтан онро Шахрисабзи беруни меномидаги шуданд. Аксарияти шахрхои Осиёи Миёна дар асрхои миёна Шахрисабзхои дохили, беруни ва навин доштанд. Шахрисабхо ободу хушманзар буда, хавз, сардеба, чорбор, бустону чаманзорхо доштанд. Кучаи Шахрисабзхои калон сангфарш буда, дар а-хои 10—11 бо хишти пухта пушида мешуд. Дар Самарканд барои пиёдагардон рохи зеризамини сохта буданд. Аксари бинохои Шахрисабз ду-сеошьёна, пешайвондор, гунбаздор (баъзеашон нимгунбази), як кисми ин иморатхо равобанди шуда буданд.
Ад.: Белеинцкий А. М. [ва диг.]. Средневековый город Средней Азии, Л., 1973. Ю. Ёкубов.