ШАХОБОВА Малохат Бадриддиновна (тав. 15. 3. 1928, ш. Бухоро), забоншиноси советии точик, доктори илмхои филология (1985), проф. (1973). Аа оилаи зиёи. Аъзои КПСС аз с. 1952. Шуъбаи англисии фак-ти забонхои хоричи (1948), шуъбаи забон ва адабиёти фак-ти таъриху филологияи Ин-ти давлатии педагогии Душанбе (1951) ва Ин-ти давлатии педагогии забонхои хоричии Москваро (1959) хатм кардааст. Дар Ин-тхои педагоги ва тиббии Точ. аз забони англиси дарс додааст. С-хои 1954—64 мудири кафедраи забонхои хоричии УДТ буд. Аз с. 1964 мудири кафедраи забонхои хоричии шуъбаи аспирантураи АФ РСС Точ. Шахобова муаллифи такрибан 200 асари илми ва илмию оммавист. Сохаи асосии тадкикаш тахлили мукоисавии забонхои точики ва англиси мебошад. Бо тадкики дигар масъалахои забоншиносии точик — тартиб додани лугатхои дузабона, таълифи китобхои дарси, дастурхои таълими, омузиш масъалахои равобити адабии халкхои совети ва халкхои хинду англис низ машгул аст. Асархои чудогонааш ба забонхои англиси ва немиси тарчума шудаанд. Бо медалхо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точ. мукофотонида шудааст.
Ос.: Забони англиси, М., 1982; Лугати англиси-точики, Д., 1987; Опыт сопоставительного исследования грамматического строя таджикского и английского языков, М., 1985.
Т. Шокиров.