Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАХИДИ БАЛХИ

ШАХИДИ БАЛХИ

ШАХИДИ БАЛХИ Абулхасан ибни Хусайни Варроки Чахудонаки (879, Балх—937), .шоири форс-точик. Падараш аз Чахудонак буда, ба шахри Балх кучидааст. Дар зодгохаш тахсил карда, илмхои замонашро аз худ намуда, дар хамон чо нашъунамо ёфтааст. Шахиди Балхи яке аз хамкорони наздики Рудаки буд ва марги у Рудакиро сахт андухгин кардааст, ки у марсияи гамангезе гуфтааст. У шоири забардаст ва ширинсухан будааст, ки устод Рудаки дар мавриде дарачаи баланди шоирии уро таъкид карда, Фаррухи дар як шеъраш уро бо Рудаки хамрадиф хисобидааст. Авфи хам дар «Лубоб-ул-албоб» фасохату балогат ва ширинию дилангезии ашъорашро кайд кардааст. Шахиди Балхи дар сурудани шеъри араби махорати комил доштааст. Аз ашъори точикиаш 84 байти пароканда ва аз эчоди арабиаш андаке боки мондаст. Дар осори Шахиди Балхи касида, газал, рубои ва махсусан китъа мавкеи калон доштааст. У инчунин яке аз аввалин шоиронест. ки ба забони точикию араби мухаммас эчод кардааст. Яке аз хусусиятхои эчодиёташ дар он аст, ки дар баробари мадхия шеърхои танкидию ичтимои ва панду ахлокии зиёде гуфтааст. У дар шеърхояш гаму аламро бештар насиби хиридмандон медонад, ки ин кабил андешахои шоир дар буньёди чанбаи танкидию ичтимоии ашъораш роли асоси бозидаанд. Панду насихатхои у, ки ба таргиби некхохи, химмату муруват, донишандузи ва накукори барин идеалхои хуб бахшида шудаанд, бо рафти талаботи замон ва мавкеи баланди чамъиятии шоир дар рузгори Сомониён алокаманданд. У дар газалсарои низ устод буда, газалро чун Рудаки ширину латиф месурудааст. Бино ба гуфтаи Фаррухи «газалхои Шахид дар дилороию нагзи» бехамто будаанд. Шахиди Балхи бештар ба баландии фикру андеша самимияти сухан, равонию назокати ифодахо ва соддагии тарзи гуфтор диккат дода, дар такомули газал дар нимаи авв. а. 10 хизмати босазое кардааст. Илова бар ин Шахиди Балхи дар илмхои замонаш — хикмату фалсафа аз шахсони машхур буда, дар ин бобат якчанд рисолахо навиштааст. У ашъори худро баъзан дар таргиби гояхои илми истифода карда, бо ин  рухияи панду насихати ва хикматнокии онхоро мустахкам сохтааст.  А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.