Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАХДИ Хочимухаммад

ШАХДИ Хочимухаммад

ШАХДИ Хочимухаммад (1789, Истаравшан—1840, хамон чо), шоири точик. Аз оиялаи халвогар. Маълумоти ибтидоиро дар оила ва назди мактабдори гузар гирифта, тахсили минбаъдаашро дар мадрасаи Кукгунбази Истаравшан идома дод. Аз хурди эчодиёти Чалолуддини Руми, Саъдии Шерози, Абдуррахмони Чоми ва дигарро аз худ намуда, дар хамон давра ба шеъргуи cap кардааст. Аз Шахди девоне боки мондааст, ки 987 газал, 38 мухаммас, як сокинома — хамаги 18 хазору 629 мисраъро дарбар мегирад. Шахди достони чангие низ доштааст, вале он то замони мо нарасидааст. Дар эчодиёти Шахди газал мавкеи асоси дорад. Дар шеърхои ишкии Шахди таъсири тасаввуф дида мешавад. Дар чанде аз шеърхояш у аз чабру зулми хони Хуканд Умархон нолидааст. Барои ошкоро гуфтани ашъори танкиди ва дучори таъкиб нагардидан Шахди худро ба девонаги мезад:

Баски дорам догхо сад гуна пайкон дар чигар,

Окилам, девонасон занчир бар по кардаам.

Аз девони Шахди 30 нусхаи дастнавис то замони мо боки мондааст, ки онхо дар Ганчинаи дастнависхои Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Точикистон. Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Узб., Китобхонаи ба ном и Ибни Синои Бухоро махфузанд. С. Султонв.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.