Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЗИ Фахруддин

РОЗИ Фахруддин

РОЗИ Фахруддин, Фахри Рози, Абуабдулло Мухаммад ибни Хотиби Рози (1149, Рай—1209, Хирот), файласуфи мутакаллим, факех, муаррих, табло ва риёзидони форс-точик. Падараш Зиёуддини Умар мутакаллим, суфи, мухандис ва хатиби машхури Рай буд. Рози савод ва фикху усули динро аз наза¬ри худ омухта, пас аз вафоти у аз олимони машхури аср — Камоли Симнони ва Мачдуддини Чели фалсафа ва каломро касб кард. Барои такмили дониш ба Мовароуннахр рафта, муддате дар Бухоро зист ва аз он чо ба Самарканд, Хучанд ва Банокат омад. Дар Хоразм мураббии фарзанди Алоуддини Текеш — Мухаммеди Хоразмшох шуд. Рози китоби машхураш «Чомеъ-ул-улум»-ро, ки дар бораи зиёда аз 60 сохаи дониш маълумот медихад, бо хохиши Алоуддини Текеш навиштааст. Баъ¬ди мусофиратхо у шахри Хиротро чои истикомат интихоб кард. Рози хангоми сафархояш бо уламою фузало ва пайравони мазхабхои мухталиф — исмоилия, карромия, муътазилия ва гайра мунозира ороста, таъ¬лимоти онхоро аз назари каломт сунни (илохиёти раммии ислом) танкид мекард. Ин кори Рози адовату нафрати мухолифонро барангехт. Нихоят карромихо Розиро захр дода куштанд. Мероси илмии ин мутафаккир, ки хеле фаровон аст, тамо¬ми сохахои маърифати давраашро дарбар мегирад. Кудрати илми ва мантикии Рози то дарачае расида буд, ки вай дар «Шархи «Ишорот ва танбехот», инчунин «Шархи «Уюн- ул-хикмат»-и Абуали Ибни Сино, бо вучуди макоми баланди Шайхурраисро эътироф намуданаш, тнвкиди маслаки уро пеш гирифта, ба мута¬каллим ва бузургтарин суфии ислом — Абухомид Мухаммади Газоли пайрави кардааст.
Рози хамин равиши интикодиро дар дигар китобхои фалсафию каломиаш «Мухассили афкор-ул-мутакаддимин в-ал-мутааххириг мин-ал-хукамо в-ал-мутакаллимин», «Мабохис- ул-машрикия», «Мулаххас», «Матолиб-ул-олия», «Асос-ут-такдис», «Таъчиз-ул-фалосифа», «Нихоят-ул- укул», «Ар-рисолат-ул-камолия фи- л-хакоик-ил-илохия», «Китоб-ул-баён в-ал-бурхон», «Ал-барохин дар илми калом», «Китоб-ул-мубодис-ул-моддия фи-л-матолиб-ил-маодия», «Тахзиб-уд-далоил фи-уюн-нл-масоил». «Ишорат-ун-наззор ило латоиф ил- асрор», «Чавобат-ул-масоил ан-наччория», инчунин рисолахои сершумораш давом дода, доир ба аксари масъалахое, ки аз назари файласуфони машшоъ мусаллам менамуданд, шакку шубхаи бисёр баёи кард, ки ин амал боиси ба у лакаби «Имом-ул-мушаккик» додан гардид. Рози бар хилофи Абуалии Сино гояи кадим будани оламро эътироф намекард. Олам, ба акидаи у, мухдас (офаридашуда) аст ва мухдис (офаранда)-и он худост. Мувофики таълимоти Рози худо ба олам на бо амри зарурат ё ихтиёр, балки аз руи кудрат таъсир мерасонад.
Рози ин нуктахоро дар заминаи акидае дар боби чавхари фард ё чузъи таксимнашаванда (атомизм), ки мутакадлимони пешин ба асоси фалсафии таълимоти расмии ислом табдил дода буданд, исбот кардани мешавад. У ба атомизм такя карда акидаи кадиму абади будани модда, ногузирии амали сабабият ва
конунияти объективии ходисахои оламро, ки файласуфони машшоъ химоя менамуданд, намепазирад.
Рози хамчун пайрави фалсафаи ка¬лом акидаи файласуфони машшоъро дар бораи таносуби моддаю сурат (гилеморфизм) «раъйи заиф» мешуморад. Рози масъалаи моддаю суратро бо масъалаи зоту сифат иваз намуда, хаюлои чисмро зот (субстан¬ция) ва тагйири холатхои чисмро сифат (акциденция)-и чисм мешуморад.
Рози импконпазирии харакатро aз мавчудияти макон мебаровард. «Агар харакат мавчуд бошад,— мегуяд у,— макон мавчуд бошад. Ле¬кин харакат мавчуд аст, пас бояд ки макон мавчуд бошад».
Дар боби замон Рози ба хулосахои зиддиятнок омадааст. Агар дар «Мабохис-ул-машрикия» у мисли файласуфони машшоъ замонро вобаста ба харакхо эзох дода бошад, дар «Матолиб-ул-олия» онро вучуди до¬им ва гани дар зоти худ мешуморад, ки мавчудияташ харгиз аз хастии харакат барнамеояд. Дар «Ар-рисолат-ул-камолия фил-хакоик-ил-илохия» бошад, вай мавчудияти объективии замонро умуман инкор карда менависад: «Замонро хеч вучуд нест. Ва каблият ва баъдият ва маъийят иктизои вучуди хеч замон накунад».
Рози тарафдори чунин акида буд, кп «чон мавчудест мучаррад аз модда, на чисм аст ва на чисмони (Ал¬барохин дар илми калом, соли 294).
Рози бар хилофи файласуфони маш¬шоъ назарияи таносухи нафсро тарафдори намуда, ба Афлотун истинод мекунад. Рози тахкики нафсро ба илохиёт ва вазифахои ахлоки дини: исботи охират, хашру нашр, таносух, чазову сазо тобеъ намудааст.
Дар назарияи маърифат Рози акидахои мутазодро баён кардааст. Аз як су, Рози исбот мекард, ки «тасаввурот кобили иктисод нестанд», аммо аз суи дигар, у ба маърифати хакикати чизхо икрор шуда, донистани сабабхои ашёро вазифаи маъ-рифат мешуморад. Назарияи маъ¬рифати Абуали Сино ба присиши инъикос асос меёфт. Рози ин принсипро нописандида менависад: «Агар тахайюли чизхо иктизои он кунад, ки чизхо дар куввати мухайила хосил шавад, пас лозим аст, ки чун мо идроки хатти мустаким кунем, ки мо мустаким бошем ва чун ид¬роки мустадир кунем, мустадир бо¬шем. Ва агар идроки хар ду кунем, дар як вакт бояд, ки мо дам мустаким ва хам мустадир бошем…» («Ар-рисолат-ул-камолия», с. 111).
Таълимоти ахлокию ичтимоии Рози низ мавриди эътибор аст.
И. A. Кулматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.