Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ КАБИРИ ФРАНСИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ КАБИРИ ФРАНСИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ КАБИРИ  ФРАНСИЯ, революстияи буржуазию демократии солхои 1789—94 дар Франсия, ки ба сохти феодалии мутлакият зарбаи халокатовар расонда, барои инкишофи капитализм замина тайёр намуд. Буржуазия — синфи пешкадам ва револютсионии он замон сарвари мубориза буд. Сабаби асосии Револютсияи  Кабири  Франсия бухрони бузурги саноатии соли 1787 ва инчунин кахтие буд, ки боиси гуруснагии сахт гардид. Солхои 1788— 89 дар мамлакат вазъияти револютсиони ба амал омад. Шуришхои дехконон, ки як катор музофотхои Франсияро фаро мегирифтанд, бо хуручхои табакахои поёнии шахрхо меомехтанд. Мутлакият бо усулхои кухна мавкеашро нигох дошта натавониста, мачбур шуд гузаштхо кунад. 5 маи-1789 дар Версал мачлиси Штатхои генерали кушода шуд. 17 июни 1789 мачлиси депутатхои табакаи сеюм худро Мачлиси милли ва 9 июл Мачлиси муассисон эълон кард. Тайёрии ошкорои ахли дарбор барои бархам додани Мачлиси муас-сисон боиси шуриши умумихалки дар Париж (13—14 июл) гардид.

r-iyulii-1830

Дар давраи якуми револютсия (14 июли 1789—10 августи 1792) халки шуришбардошта калъаи Бастилияро, ки рамзи мутлакияти Франсия буд, ишгол намуд (14 июл). Ишголи Бастилия галабаи аввалини халки шуришбардошта, ибтидои Револютсияи  Кабири  Франсия буд. Шох мачбур шуд револютсияро эътироф кунад. Минбаъд револютсия тамоми мамлакатро фаро гирифт. Дар шахрхо халк органхои хокимияти кухнаро бо органхои мунисипалии буржуазии нав иваз кард. Буржуазия дар Париж ва шахрхои музо-фотхо куввахои мусаллахи худ — Гвардияи миллиро ташкил дод. Ба-робари ин дар бисёр музофотхо (хусусан дар Дофин, Франш — Конт, Элзас ва гайра) шуришхои хеле калони дехконон ба амал омаданд. Вале аз самараи револютсия на хамаи табакаи сеюм, хатто на хамаи буржуазия, балки танхо буржуазияи калон ва хамсафи он — дворянхои либерали бахравар шуданд. Бинобар он давраи якуми револютсия давраи хукмронии буржуазияи калон буда, конунгузори ва сиёсати Мачлиси муассисон манфиати онхоро ифода мекарданд. Буржуазияи калон дар масъалаи асосии револютсия — масъалаи аграри ва бархам додани мачбурияти феодали, ки талаби асосии дехконон буд, катъиян мукобил баромад. Сиёсати зиддидемократии  буржуазияи калон, ки аз табакаи сеюм чудо шуда, ба кувваи кон-сервативи табдил ёфта буд, норозигии чиддии дехконон, табакахои поёни ва кисми демократии буржуазияро ба амал овард. Хуручхои дехконон бахори 1790 аз нав авч гирифт. Бадшавии шароити озу-кавори дар Париж, накшахои зиддиреволютсионии тарафдорони дарбори шох халки Парижро водор намуд, ки 5—6 октябри 1789 ба суи Версал юриш кунад. Дахолати халк накшахои зиддиреволютсиониро барбод дода, Мачлиси муассисон ва шохро мачбур сохт, ки аз Версал ба Париж кучанд. Баробари клуби якоби-чиён дигар клубхои револютсионию демократи — клубхои корделерхо, «Кружоки ичтимои» ва инчунин органхои револютсионию демократи дар байни омма бештар нуфуз пайдо карданд.

Вокеахои Франсия ба куввахои пешкадами чамъиятии мамлакатхои дигар таъсири калони револютсиони расонданд. Дар айни замон ба мукобили Франсияи револютсиони блокхои зиддиреволютсионии давлатхои феодалии Европа ва доирахои бур-жуазию аъёну ашрофи Британияи Кабир амал мекарданд. Аз соли 1791 давлатхои Европа бар зидди револютсияи Франсия ошкоро тайёри медиданд. 20 апрели 1762 Франсия ба Австрия чанг эълон кард. Худи хамон сол Пруссия ва шохии Сардиния, соли 1793 Британияи Кабир, Нидерланд, Испания, шохии Неаполитан, давлатхои германи ва гайра ба Франсияи револютсиони чанг эълон намуданд. Аз аввали амалиёти чанги контрреволютсияи дохили ва хоричи забон як карданд. Хиёнати бисёр генералхои армияи Франсия ба ин сарзамин зада даромадани тачовузкорон ва баъдтар ба Париж хучум овардани онхоро осон кард. Дар рафти харакати пурзури ватандустонаи оммаи халк, барои химояи ватани револютсиони гуруххои ихтиёриён ташкил ёфтанд. Мачлиси муассисон мачбур шуд 11 июли 1762 «ватан зери ха-тар» эълон кунад. Харакати зидди мутлакият 10 августи 1792 дар Париж ба шуриши пуршиддати халки табдил ёфта, Коммунаи Париж (9—10 август таъсис ёфта буд) рохбари он гардид. Шуриши галабаовар мутлакияти кариб 1000 сола ва буржуазияи дар сари хокимият истодаро сарнагун сохт. Ин ба ривочи минбаъдаи револютсия мусоидат кард.

Давраи дуюми револютсия 10 августи 1792—2 июни 1793) бо му-боризаи шадиди байни якобичиён-монтанярхо ва жирондчиён муайян гашт. Жирондчиён мавкеи консервативиро ишгол намуда, пешравии минбаъдаи револютсияро боздоштани шуданд. Якобичиён (рохбаронаш М. Робеспер, Ж. П. Марат, Ж. Ж. Дантон, Л. А. Сен-Жюст) партияи яксинфа набуданд. Онхо аз табакахои миёна ва поёни буржуазия, дехконон ва плебейхо фарохам омада буданд ва барои конеъ гардондани талаботи худ ва вусъат додани револютсия мекушиданд. Дар мачлиси якуми Конвент оид ба бекор кардани хокимияти шох (21 сентябр 1792) якдилона карор кабул намуд. Франсия республика эълон гардид. 21 январи 1793 Людовики XVI ба катл расонда шуд. Нихоят бадшавии ахволи иктисоди (дар натичаи чанг), хусусан озукавори, боиси тезутундшавии муборизаи синфи гардид. Соли 1793 харакати дехконон аз нав авч гирифт. Тарафдорони плебейхоро «девонагон» меномиданд, ки онхо ба молхои сермасриф мукаррар намудани нархи муайян ва махдуди савдогаронро талаб мекарданд. Талаботи омма ва вазъияти сиёсиро ба назар гирифта, якобичиён бо «девонагон» иттифок бастанд. 4 май, катъи назар аз мукобилати жирондчиён, Конвент бо декрет нархи катъии галларо чори намуд. Кушиши жирондчиён барои музофотро ба Париж мукобил гузоштан ва бо унсурони ошкоро зиддиреволютсиони наз-дик шудани онхо боиси шуриши нави (21 май — 2 июни 1793) халки гардид ва дар натича онхо аз Конвент ронда шуда, хокимият ба их-тиёри якобичиён гузашт.

Давраи сеюми револютсия (2 июни 1793—27/28 июни 1794) давраи олии диктатураи револютсионию демократии якобичиён ба шумор мерафт. Якобичиён дар лахзаи барои республика басо вазнин ба сари хокимият омаданд. Кушунхои тачовузкорон аз шимол, шарк ва чануб зада даромаданд. Исёнхои зиддиреволютсиони тамоми шимолу гарб ва чануби мамлакатро фаро гирифтанд. Такрибан аз се ду кисми территорияи Франсия ба ихтиёри душманони револютсия гузашт. Танхо катъият ва часорати револютсионии якобичиён, ки оммаи халкро ба мубориза бархезонда, ба муборизаи онхо сарвари мекарданд, револютсияро начот дода, галабаи республикаро таъмин намуданд. Конвенти якобичиён конуни аграри (июн — июли 1793) кабул намуд, ки мувофики он мулкхои чамоа ва мухочирон ба дехко-нон дода, тамоми хукук ва имтиёзхои феодалону ашроф бархам зада шуд.

Масъалаи асосии роволютсия — масъалаи аграри ба таври демократи хал гардид, дехконони дар гузашта мутеи феодалон ба мулкдорони озод табдил ёфтанд. Конвент 24 июни 1793 конститутсияи нави демократиро тасдик намуд. Аммо вазъияти чиддии республика якобичиёнро водор сохт, ки чори намудани конститутсияро ба таъхир андозанд. Хукумати револютсиони дар ихтиёри Конвент, Комитети начоти чамъият (органи асосии хукумат) ва Комитети бехатарии чамъият буд. Бо талаби халк Конвент 23 августи 1793 оид ба сафарбарии тамоми миллати Франсия барои рондани душманон аз территорияи республика декрети таърихи кабул кард. 26 июни 1794 лашкари республика дар назди Флёрюс ба тачовузкорон зарбаи хало-катовар зад. Вале дар блоки диктатураи якобичиён зиддияти дохили авч гирифт. Хамаи ин боиси он гардид, ки тобистони 1794 унсурхои зиддиреволютсиони (кисми зиёди буржуазия) ба мукобили хукумати револютсионии Робеспер забон як карда, 27-28 июли 1794 диктатураи якобичиёнро сарнагун сохтанд. Бо хамин револютсия хотима ёфт. Револютсияи  Кабири  Франсия ахамияти калони таърихи дошт ва барои он замон прогрессиви буд

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …