Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ЭРОН

РЕВОЛЮТСИЯИ ЭРОН

РЕВОЛЮТСИЯИ ЭРОН (1978-79), револютсияи халкии зиддиимпериалисти ва зидди мутлакият, ки дар натичаи тезутундшавии зиддиятхои ичтимоию иктисоди дар мамлакат, талаву тороч гардидани боигарии милли аз тарафи империалистони хоричи, сиёсати дохилии иртичои ва милитаристии шох ба амал омадааст. Доирахои хукмрони мамлакат бо сардорни шох боигарии мамлакат-ро горат карда, бо Штатхои Муттахидаи Америка иттифоки харби бастанд, ба блоки СЕНТО дохил шуда, ба мусаллахшавии мамлакат маблаги зиёд сарф мекарданд. Дахолати Штатхои Муттахидаи Америка ба корхои дохили ва дигар сохахои хаёти иктисодию ичтимоии Эрон боиси бад шудани вазъияти иктисодии Эрон ва тобеи капитали хоричи шудани он гардид. Карзи давлати аз давлатхои хорича меафзуд (аввали соли 1978—5 миллиард доллар). Дар арафаи револютсия нархи молхои сермасриф 150% баланд шуда, нархи манзилгох нисфи маоши коргаронро ташкил мекард. Монополияхои хорича мавкеи буржуазияи миллиро суст намуд, ки дар натичаи он молхои Эрон бо молхои ширкатхои хоричи ракобат карда на-тавониста, сохибони корхонахои хурду миёна хонахароб мешуданд.

r-iran-1979

Сиёсати иртичоии шох, вайрон карда шудани конунхои давлати, махдудии озодихои демократи, вусъати фаъолияти полисияи махфии сиёси — «Созмони амният ва иттилооти кишвар» (САВАК), дузди, ханноти, ришвахурии олимансабони давлати боиси кахру газаби оммаи васеъ гардид.

Конуни асоси (1908—07) ба рухониён хукук дод, ки аз болои ор-ганхои конунгузор шурои назорат ташкил намоянд. Бар хилофи ин конун шох мекушид фаъолияти рухониёнро зери назорат гирифта, онро махдуд кунад, худи онхоро бошад, хамчун воситаи пойдор гардонидани мавкеи худаш истифода барад. Дар натича рухониёи аз сиёсати шох норози шуда, дар вазъияти болоравии харакати револютсиони, тахти сарварии оятулло Хумайни ба кувваи сиёси табдил ёфтанд. Хумайниро ташкилоти дигари мухолифи шох «Чабхаи милли» (бо рохбарии Карим Санчоби) дастгири кард. Хизби тудаи Эрон аввалин шуда масъалаи сарнагун сохтани мутлакиятро ба миён гуазшт. Ин шиорро ташкилоти «Созмони мучохиддини халк» ва дастахои мусаллахи «Черикхои фидоии халк» дастгири намуданд. Дар ибтидои Револютсияи Эрон ташкилоти «Хизби чумхурии исломи» таъсис ёфт, ки ба он пайравони Хумайни дохил мешуданд. Дар шахрхои Кум ва Табрез 8—9 январ намоишхои биёрхазорнафараи студентон ва рухониён ба амал омада, ба зуди тамоми мамлакатро фаро гирифтанд, ки онхо аз огози Револютсияи Эрон дарак медоданд. Намоишхо то тирамохи 1978 шахрхои Техрон, Табрез, Исфахон, Обо-дон ва дигар марказхои маъмуриро фаро гирифт, ки дар онхо хазорхо хунармандон, коргарон, зиёиён, точирон, хизматчиён (намояндагони буржуазияи хурду миёна), муздурон, дехконони хонахаробшуда, бе-навоён ва дигарон иштирок доштанд. Онхо бехтар кардани шароити иктисоди, риоя намудани конуни асоси, чори кардани озодихои демократи, хотима додан ба худсарию ришвахурии амалдорони давлати  химояи манфиатхои миллиро талаб мекарданд. Байни намоишгарон ва армия задухурд сар шуд. Маросими дафни шахидони аввалин ба намоиши умумихалки мубаддал гашт. Рухониён дар бозор ва масчидхо мардумро ба сарнагун сохтани тартиботи шох даъват мекарданд. Бахору тобистони 1978 кахру газаби омма боз хам афзуд. Хукуматдорони Эрон ба мукобили харакатхои  халки аслиха ба кор бурданд. Аз чумла, 9 августи 1978 гумоштагони шох дар кинотоатри «Рекс”-и шахри Ободон хангоми намоиши филм дархоро баста биноро оташ заданд, ки дар натича зиёда аз 500 нафар тамошобин халок шуд. Чавобан ба ин вокеаи хузнангез дар тамоми шахрхо намоишхои эътирози ба амал омаданд. 27 август хукумати Чамшед Омузгор мачбур шуд истсъфо дихад. Хукумати нави Шариф Имоми бо умеди начоти салтанат эълон кард, ки минбаъд ба мачлису намоишхо, ташкили партия ва ташкилотхои «конуни» ичозат дода, маоши хизматчиён, зиёд ва олимансабони ришвахур  чазо дода хоханд шуд. 4 сентябри 1978 Хизби тудаи Эрон шиорхои конкретии чори кардани озодихои демократи, авфи умуми ба махбусони сиёси, бекор намудани хамаи конунхои зидди-халки ва вожгун намудани салтана-ти Пахлавиён ва гайраро ба миён гузошт. 7 сентябр дар 12 шахр холати харби эълон шуд, ки ои боиси боз хам авч гирифтани намоишу корпартоихо гардид.

18 декабри 1978 дар натичаи корпартоии коргарон истехсоли нефть катъ гардид. Намоишхои эътирози армияро низ фаро гирифта, дар як катор шахрхо аскарон ба тарафи халк гузаштанд. Намоишхои зиддихукумати вусъат ёфта, то 8 январи 1979 тамоми мамлакатро фаро гирифт. Иштирокчиёни намоиш боисрор талаб мекарданд, ки шох фавран аз тахт даст кашида, Эронро тарк кунад. 13 январ бо таклифи Хумайни «Шурои инкилоби исломи» таъсис ёфт, ки ба зиммаи он тайёрии ташкили хукумати нав ва эълон кардани респуб-ликаи исломни гузошта шуд. Дар мамлакат бартарии куввахои халк баръало хис карда мешуд. Шох мачбур шуд бо бахонаи «истирохат»

16 январ Эронро тарк намояд. Куввахои револютсиони муборизаро ба мукобили гумоштагони шох ва империализми Штатхои Муттахидаи Америка давом доданд. Дар натичаи муборизаи мусаллах 10—11 феврали 1979 Револютсияи Эрон галаба кард. Касри шох, муассисахои давлати, радио, телевизион ишгол карда шуданд. Хукумати Шопур Бахтиёр ва парламент пароканда шуда, Хукумати муваккати ташкил ёфт.

30—31 марти 1979 Чумхурии исломии Эрон эълон карда шуд. Револютсияи Эрон мутлакиятро сарнагун сохта, ба мавкеи империализм (пеш аз хама Штатхои Муттахидаи Америка), буржуазияи компрадор зарба зада, барои тараккиёти минбаъдаи иктисоди ва сиёсии Эрон рох кушод.  Т. Мухиддинов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …