Маълумоти охирин

РЕВОЧ

revoj

РЕВОЧ, реванд, рибос, ребос, ревос, чукри, чукури (НЬеит), як хел растании кухиро гуянд, ки пояаш хамчун сабзавоти хурданбоб дар байни мардуми точик маъмул аст; бино ба таснифоти ботаника чинси гиёххои бисёрсолаест аа оилаи торонихо. Пояаш рост, то 2 метр кад мекашад. Баргаш калон, думчадароз, одатан яклухт ё 5-7 пара  дар бехи поя месабзад. Хушагулаш тугшакл ё хушамонанд, гулаш дучинса, мевааш чормагзаки секирраи канотакдор. Дар дунё кариб 30 (аз руи маълумоти дигар 40—49) намуди Ревоч маълум аст. Бештар дар минтакаи муътадили Осиё меруяд. Мувофики «Флораи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон» (чилди 3, Ленинград, 1968; руси) дар худуди Помиру Олой 10 намуди Ревоч (дар нишебихои регу санглох, алафу пахтазор, пиставу бодомзор, теплахои зардхок, махалхои сершах ва гайра (аз 300 то 3900 метр аз сатхи бахр) месабзад. Се намуди Ревоч хоси Помиру Олой мебошад. Ревоч вобаста ба намуд ва мухити рушд март —август гул карда, тухмаш апрел— сентябр ме-пазад.

Ревочро дар Миср ва Юнони Кадим чун сабзавот истеъмол мекарданд ва аз хусусиятхои доруии он хабар доштанд. Дискуридус (Диоскорид) давоии бехи Ревочро таъриф кардааст. Дар тибби халкии тибети Р. (Н. ип-аи1а(ит) давои иллати меъдаву руда хисоб мешуд. Абурайхони Беруни доруии Ревочи «чини» (Н. оШсша-Нз)-ро зикр кардааст. Абуалии Сино Ревочро барои муоличаи зикки нафас, заъфи чигар, дарди меъда, хала, исхол, зусанториё (исхоли хунин), иллати гурдаву пешобдон ва гайра ба кор мебурд. Аз Ревоч мархаме тайёр карда ба омос, кубо (лишай), доги кунчидак ва ба чои латхурда мебаст. Буали Ревочро позахри неши хашарот мехисобид. Юсуфи Мухаммад дар «Чомеъ-ул-фавоид» (с. 1500), ки бо номи «Тибби Юсуфи» маъруф асг, тухми Ревочро давои хоришаку исхол хондааст

Тухми ревочро куни чун майл,

Ранчи исхолро бувад дармон,

В-ар бимоли ба равгани кунчид

Чарабу хиккаро мучарраб дон.

Назар ба маълумоти «Махзаи-ул-адвия»-и Мухаммад Хусайн (асри 18) Ревоч хусусияти кабзияту фараховар дошта, кори узвхои хозимаро осон мекунад. Хафакон, васвос ва бавосирро рафъ месозад. Истеъмоли Ревоч баромади думмалро пешгири меванояд. Решапояи Ревоч (Н. ошсшаИа) чун дору дар доруномаи 20 мамлакати дунё кайд шудааст. Дар Союз Советских Социалистических Руспублик СССР низ’ як намуди Ревочро чун гиёхи доруи парвариш мекунанд. Дар тибби муосир хока (0,1—0,3 г), шарбат ва киёми спиртии решаи Ревочро чун омили мусхил (исхоловар), мукаввии кори руда ва тизрон (боди шикам) истифода мебаранд. Баъзе намудхои Ревочро чун сабзавот ва растании даббоги мекоранд. Думчаи тару тозаи барги Ревочи худруй ва хам киштаро истеъмол менамоянд. Аз он компот, мураббо, май ва кисел тайёр мекунанд. Думчаи барги Ревочи худтамини С, 10— юги, то 2,5% канд, кариб 3,5% кислотахои органики (асосан чавхари лимую себ, оксалат ва гайра) ва намакхои К, Са, Р. Мй дорад. Решаи Ревочро барои ош додани пуст ва ранг кардани матоъ истифода мебаранд. Аввали бахор барги Ревочро чорво (шутур, бузу гусфанд) мехурад; баргаш 244—600, 5 мг% витамини С, 20—21,5% протеин, 3% равган, 50,5% моддахои киёмии бенитрогев ва 3 —7% моддахои даббоги дорад.

Адабиёт: Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, Москва, 1072; Абурайхан Беруни, Избранное сочинение, том 4, Фармакогнозия в медицине (Китаб ас-сайдана фи-т-тибб), Ташкент, 1974; Муханова Ю. И., Требухин а К. А., Т у л е н к о в а А. Г., Зеленые и пряные овощные культуры, Москва, 1977; В е х о в В. Н., Г у б а н о в И. А., Лебедова Г. Ф., Культурные растения Союз Советских Социалистических Руспублик СССР, Москва. 1978. М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …