Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ МАРКАЗИ

РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ МАРКАЗИ

РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ МАРКАЗИ, давлатест дар Африкаи Маркази. Аз Гарб ва Чануби Гарб бо Камерун, аз Чануб бо Конго ва Заир, аз Шимоли Гарб бо республикаи Чад, аз Шимоли Шарк бо Судон хамсархад аст. Масохаташ 623 хазор километр2. Ахолиаш 2,5 миллион нафар (1982). Пойтахташ шахри Банги. Аз чихати маъмури ба 15 префектура чудо мешавад.

ram

Сохти давлати. Республикаи Африкаи Маркази РАМ — мутлакияти конститутсиони. Конститутсияи чориаш 4 декабри 1976 кабул шудааст. Аз соли 1981 тамоми хокимият дар дасти Комитети тачаддуди харбии милли бо сардории генерал Колингба. Сардори давлат ва хукумат низ Колингба мебошад. Органи конунбарор — Мач-лиси милли, ки ба мухлати 5 сол интихоб мешавад. Системаи суди: Суди оли, судхои апеллятсиони, чинояти ва граждани.

Табиат. Республикаи Африкаи Маркази РАМ дар хавзаи дарёхои Убанги (хавзаи Конго) ва Шари, дар минтакаи саваннахо ва бешаи сираки минтакаи субэкватори чой гирифтааст. Кисми зиёди мамлакатро баландии Азанде фаро гирифтааст, ки он ба ду нохияи кухи: Фортит (дар Шарк) ва Яде (дар Гарб) таксим шудааст. Дар Республикаи Африкаи Маркази РАМ инчунии каторкуххои баландиашон беш аз 1000 метр (Бонгос, Гау) хастанд. Дар шимоли мамлакат баландии Азанде тадричан ба хамвории тахт бадал меша-вад. Хокаш сурхи зардчатоб ва сурхи латерити. Сарватхои асосии зеризамини: алмос, уран, тилло, никел, манган, кобалт, мис ва гайра. Иклимаш экватории муссони, гарм. Харорати мохи гармтарин 31°Селсия, хунуктарин 21°Селсия. Боришоти солона 1000—1600 миллиметр. Дарёхои калон: Убанги, Санга, Шари, Мамбере, Баминги ва гайра. Дар мамлакат бештар саваннахои баландалаф, дар Шимоли Шарк саваннахои мукаррари, дар Чануб бешахои хамешасабзи тропики мавчуданд. Олами хайвонот: фил, каркадан, шохбарзагов, заррофа, антилопа, шер, паланг, шагол, кафтор, бахмут, тимсох, морхои гуногун, калтакалос ва гайра. Дар мамлакат богхои калони милли хаст.

Ахоли. Ахоли ба ду гурухи забонии банту ва судони мансуб аст. Халкиятхои банда, гбайя, азанде, инчунин манча, сара ва дигар зиндаги мекунанд. Забони расми — франсави, забони санго бештар пахн шудааст. Беш аз 60% ахоли пайрави дину оини махаллианд, 35% насрони (бештар католик), бокимонда мусулмонанд. Шахрхои калон: Банги, Берберати, Босангоа, Бамбари ва гайра.

Очерки таърихи. Таърихи кадими халкхои Республикаи Африкаи Маркази РАМ пурра омухта нашудааст. Дар асри 16 кисми шимоли гарбии территорияи хозираи он ба хайати давлати Багирми дохил буд. Дар миёнаи асри 19 кисмхои алохидаи территорияи он ба давлатхои Дарфур ва Вадаи тобеъ шуд. Дар охири асри 19 кисми зиёди Республикаи Африкаи Маркази РАМ ба хайати давлати Раббак дохил буд. Охири асри 19 ба территорияи хозираи Республикаи Африкаи Маркази РАМ европоихо сар дароварданд. Соли 1894 мустамликадорони Франсия тамоми байнаннахрайни Убанги ва Ша-риро забт ва ба хайати Конгон Франсия хамрох карданд. Аз соли 1904 мамлакат дар хайати мустамликаи Убанги-Шари-Чад, аз соли 1910 дар хайати федератсияи Африкаи Экватории Франсия буд; соли 1914 Чад аз Убанги-Шари чудо шуд. Ахолии махалли ба мустамликадорон мукобилати сахт нишон медод. Баъди Чанги дуюми чахони (1939—45) дар Убанги-Шари харакати миллию озодихохона авч гирифт. Соли 1946 дар Республикаи Африкаи Маркази РАМ Партияи харакати эволютсияи ичтимоии Африкаи Сиёх таъсис ёфт. Соли 1957 Совети хукуматии Банги-Шари бо иштироки африкоиён ташкил ва 13 августи 1960 Республикаи Африкаи Маркази РАМ мустакил эълон шуд. Дар худи хамон сол хукумати Республикаи Африкаи Маркази РАМ бо Франсия шартномаи хамкории сиёсию иктисоди ва харби баст. Баъди табаддулоти харбии соли 1966 ба сари хокимият Ж. Б. Бокассо омад. Мачлиси милли пароканда, конститутсия бекор карда шуд. 4 декабри 1976 конститутсияи нав кабул карда, Бокассо импоратор — Бокассои 1 эълон шуд. Республикаи Африкаи Маркази РАМ аз соли 1960 аъзои ТДМ, аъзои Ташкилоти ягонагии Африка. Соли 1960 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Африкаи Маркази РАМ муносибатхои дипломати мукаррар гардиданд. Солхои 1969—70 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Африкаи Маркази РАМ доир ба хам-кории иктисодию техники ва савдо шартнома баста шуд. Дар сохаи сиёсати хоричи Республикаи Африкаи Маркази РАМ рохи бо хамаи мамлакатхо хамкори намуданро пеш гирифт. 20 сентябри 1979 дар натичаи табаддулот хукумати Бокассо сарнагун гардид ва ба сари хокимият Д. Дако омад. У президенти Республикаи Африкаи Маркази РАМ интихоб гардид. 1 сентябри 1981 Д. Дако хокимиятро ба А. Колингба супорид. Хукумати нав конститутсияро бекор, фаъолияти партияхои сиёси ва ташкилотхои чамъиятиро манъ кард. Партияхои оппозитсионни Харакат бахри озодии халки Африкаи Маркази ва Фронти ватандустонаи Убанги гайрилегали амал мекарданд.

Партияхои сиёси. Харакати эволютсияи ичтимоии Африкаи Сиёх (ХЭИАС), партияи хукмрон ва ягонаи мамлакат, таъсисаш соли 1946.

Хочаги. Республикаи Африкаи Маркази РАМ мамлакати аграрии кафомонда буда, асоси иктисодиёти он зироат мебошад. Иктисодиёти мамлакат ба капитали хоричи вобастааст. Хукумат дар сиёсати дохилии иктисодии худ рохи ба таври васеъ чалб намудани капитали хусуси, асосан хоричиро пеш гирифтааст. Барои бартараф кардани кафомонии иктисодии мамлакат хукумат тадбирхои афзун намудани махсулоти хочагии кишлокро андешид. Xочагии кишлок асоси иктисодиёти мамлакат мебошад. Республикаи Африкаи Маркази РАМ 5,9 миллион гектар майдони кишт дорад. Соли 1981 дар мамлакат 9,2 хазор тонна пахта ва 18,0 хазор тонна кахва чамъовари шудааст. Зироатхои асоси: маниок, арзан, шоли, чормагзи замини. Соли 1980 дар мамлакат ин кадар чорво буд (ба хисоби хазор сар): гов — 1150, бузу гусфанд — 955, хук— 130. Парвариши тамоку, каланфур, какао, гевея ба рох монда шудааст. Мохи асосан аз дарёхо шикор кар-да мешавад.

Саноати Республикаи Африкаи Маркази РАМ аз заводхои пахтатозакуни, равганкаши, собунпази, аз фабрикахои бофандаги ва дузандаги иборат аст. Корхонахои калон: комбинати бофандаги (дар Банги), заводи пивова гайра.  Дар шахри Банги заводи васли приём-никхои транзистори хаст. Энергетикаи  Республикаи Африкаи Маркази РАМ аз Гидро-Электро СтансияГЭС-хои Боали-1 ва Боали-2 иборат аст. Дар шахрхои Банги, Мбаики, Босангоа, Бамбари ва гайра. ТЭС-хо хастанд. Соли 1982 60,7 миллион килоВатт-кувваи электр истехсол карда шуд.

Рохи охан надорад. Дарозии роххои автомобилгард 22,6 хазор километр. Дар шахри Банги бандари дарёи ва аэропорти байналхалки хаст. Республикаи Африкаи Маркази РАМ ба хорича пахта, кахва,чуб, алмос бароварда, аз хорича хуроквори, тачхизот ва воситахои наклиёт, махсулоти нефт, семент ва гайра мегирад. Республикаи Африкаи Маркази РАМ асосан бо Франсия савдо мекунад. Вохиди пул — франки африкои.

Нигахдории тандурусти Соли 1970 таваллуд ба 1 хазор нафар 46, фавти кудакон ба 1 хазор кудаки навзод 190 нафар буд. Сабаби асосии фавт — беморихои сирояти ва паразитари (варача, сил, махав ва гайра). Соли 1972 дар Республикаи Африкаи Маркази РАМ 52 беморхонаи дорои 3,2 хазор кат (2 кат ба 1 хазор сокин) буд, ки аз он 47 беморхонаи дорои 3,4 хазор кат давлати мебошад. Гайр аз ин дар Республикаи Африкаи Маркази РАМ 10 поликлиника, 31 маркази тибби, 4 маркази нигахдории тандурусти, 82 диспансер ва гайра хаст. Соли 1973 дар Республикаи Африкаи Маркази РАМ 59 духтур (1 духтур ба 43,4 хазор сокин), 1 духтури дандон, 11 фармасевт ва 1,3 хазор корманди миёнаи тибби кор мекард. Духтурхо маълумотро дар хорича мегиранд.

Маориф. Соли 1970 кариб 85% ахоли бесавод буд. Таълими ибтидоии 6-сола барои кудакони аз 6 то 14-сола хатмист. Соли тахсили 1972/73 дар мактабхои ибтидои 194 хазор, дар мактабхои миёна 16,6 хазор талаба мехонд. Соли 1969 дар мамлакат нахустин университет дар Банги таъсис ёфт, ки дар он соли хониши 1976/77 624 студент тахсил кард.

Матбуот, радио ва телевизион. Дар Банги газетахои зерин ба забони франсави чоп мешаванд: «Та Тене» («Та Тепе»), таъсисаш соли 1974, «Тер африкен» («Тегге А1псаше»), таъсисаш 1974, «Нувель дю жур» («ЬеэИоиуеПез Ди ]оиг») таъсисаш 1976, бо забоии санго: «Линга» («Ъ1п£а»), таъсисаш 1976 ва гайра. Агентии матбуоти Африкаи Маркази соли 1974, радиошунавонии миллии Африкаи Маркази соли 1958 таъсис ёфтаанд. Телевизион аз соли 1974 кор мекунад.

Меъмори ва санъати тасвирИ, Манзилхои дехот дар сохили дарёхо як ё ду катора сохта мешаванд. Хонахои истикомати асосан аз лой сохта шуда каламакори, мудаввар, чоркунча мебошанд. Шахрхои Банги, Берберати, Бангасу ва гайра аз руи меъмории замони хозира сохта шудаанд. Кандакории чуб низ ривоч ёфтааст. Табаку таксимичахо, зарфхои гуногун, асбобхои мусики бо накшу нигори серобуранг оро дода мешаванд. Кулоли, сабатбофи, аз устухопи фил ва охан сохтани ороишот (ангуштарин, дастпона, зеби гардан) ривоч ёфтааст.

Мусики. Мусикии анъанавии Республикаи Африкаи Маркази РАМ гуногун мобошад. Эчодиёти мусикии халкхои Республикаи Африкаи Маркази РАМ асосан аа ду кисм иборат аст: сурудхои коллективии маросими ва ракс. Сурудхо вокеахои мухими чамоаро инъикос менамоянд. Сурудхое низ мавчуданд, ки мутрибон месароянд. Сурудхои умуми бо хамовозии накора ичро мешаванд. Дар давраи мустамлика будани Республикаи Африкаи Маркази РАМ мусикии анъанави кариб пурра бархам хурда буд. Факат баъди ба даст даровардани истиклолият (1960) санъати мусикии милли аз нав баркарор карда шуд. Соли 1966 дар шахри Банги мактаби санъати милли таъсис ёфт, ки дар он шуъбахои мусики, ракс ва гайра хастанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …