РЕГИСТОН, майдони расми ва марказии шахрхои калони Осиёи Марказиро номанд. Регитонхои Самарканд ва Бухоро аз чумлаи иншооти машхури шахрсозии асрхои миёна мебошанд. Махсусан Регистони Самарк а н д яке аз иншооти намоёни меъмори ба хисоб меравад. Он аз замонхои кадим вучуд доштааст. Дар чои хозираи Регистон аввал бозор, устохонаю дуконхои хунарманди будаанд. Бино ба сарчашмахо, асри 14 дар Регистон масчиди чомеъ ва растаи пушидаи савдо — тими телпакфурушон мавчуд будааст. Дар аввали асри 15 Регистон хамчун маркази савдою хунарманди шухрат ёфт ва майдони марказии шахр гардид. Ии бо сохта шудани ансамблхои меъморие алокаманд аст, ки яке аз нишонахои хоси меъмории асри 15-ро тачассум мекунад. Шаклгирии ансамбли Регистон бо сохтмони Мадрасаи Улугбек (141(7—20), ки дар кисми гарбии майдон чойгир аст, огоз ёфт. Мадраса росткунча буда, даромадгохи он бо пештоки мухташами мунаккашу хотамкори зинат ёфтааст.
Аз ду пахлуи пешток ду катор токхои гулкори сохта шудаанд. Гирдогирди хавлии он аз хучрахои дукабатаи айвончадор, дарсхона, масчид иборат буда, бо девори мустахкам ихота гардидааст; дар чор гушаи мадраса гулдастахо-манорахо вокеанд (холо се манора боки мондааст). Гайр аз даромадгохи калон, ки дар тарафи шаркии бино чойгир аст, аз Чануб ва Шарк низ даромадгох дорад. Накшунигори мадраса ба сохти бино мувофик буда, бандубасти яклухт дорад. Девору манорахои мадраса кошикорию хотамкори буда, меъморон изорахои мармариро низ истифода бурдаанд. Дар асри 15 дар тарафи шаркии майдон хонакох (1424), дар шимоли он корвонсарои Мирзои, дар тарафи чанубиаш масчидхои Олика Кукалтош (.1430), Масчиди Мукаттаъ ва мадрасаи Абусаидхон сохта шуд. Аз ин бинохо то замони мо факат мадрасаи Улугбек боки мондааст. Хангоми азнавсозии Регитсон дар асри 17 бинохои дигарро вайрон карда, ба чояшон бинохои нав сохтанд. Дар чои хонакохи фарсуда Мадрасаи Шердор бино шуд (1619—36), ки услубан ба Мадрасаи Улугбек хеле шабохат дорад. Пештоки он чун пештоки Мадрасаи Улугбек буда, меъмор тавонистааст ансамбли ягонаи бинохои ба хам мутаносибу му-тавозиро ба миён орад. Вале усули накшунигору рангубор ва ороишоти Мадрасаи Шердор аз бинои 200 сол мукаддам сохташудаи мукобилаш фарк мекунад. Ороиши кошии пештоки Мадрасаи Шердор тасвироти чолиби диккат дорад: шере ба гизоли хушандом хамлавар буда, дар паси шер тасвири офтоби дурахшон мавчуд аст. Чуссаи шер ва нурхои Офтоб бо рангхои зарду дорчини накшунигор шудаанд, сатхи сафедранги офтоб бошад, бо чуссаи сафеди гизол хеле мохирона мутобик гардонида шудааст. Дар ороиши мадраса рангхои зарду сабз бештар истифода шуда, дар ихотаи рангхои дигар ба-ръалотар ба назар мерасанд. Дар ороиши мадраса накшхои ислими, хандаси ва китобахоро истифода бурдаанд. Ба назар чунин мерасад, ки гуе сатхи берунии бино ба чанд хиссаи алохидаи композитсионии накшин чудо шудааст. Харчанд ки накшунигори бино пурпечутобу серчузъиёт аст, вале ин кимати онро харгиз паст намекунад. Дертар дар чои корвонсарои Мирзои Мадрасаи Тиллокори комат афрохт (1646—60). Бо ин мадраса ансамбли Регистон пурра шакл гирифта, ба хамон намуд то имруз барчост. Бинохои ансамбл ва маркази майдон дар масофаи якхела вокеъ гардидаанд. Мадрасаи Тиллокори бо пештоки ачоибсохташ аз ду мадрасаи дигар фарк мекунад. Ороишоти намою пештоки он таклиди махзи тазйиноти мадрасахои дигар аст. Ин чо хам рангхои зарду сабз бештар истифода шуда, обуранги биноро то андозае кохондаанд. Намои асоси, инчунин тамоми деворхои мадраса бо хиштчахои сирдори хеле майда рукаш шудаанд. Интерери бино бештар бо усули наккошии кундал оро ёфта, аз ин ру, тиллокори ном гирифтааст. Накшхои ислимиаш як андоза паст-таранд.
Регистони Бухоро, майдони он дар асри 7, хангоме ки хокими шахр арки худро бино кард, пайдо щуд. Дар тарафи гарбии арк май-дони регпуш вокеъ гардида буд. Дар тули асрхои зиёд дар ин майдон касру бинохои гуногун сохта шуда, бо мурури замон аз байн рафтанд. То асри 1(9 дар Регистон мадрасахои Дорушшифо, Бозори гусфанд, масчидхои Мехтаршобек, Усторухи, хонакохи Абдулазизхон вучуд дошта, аз онхо танхо ансамбли масчиди Болохавз то замони мо расидааст. Дар маркази ансамби хавзи хаштгушае вокест, ки бо тахтасангхо рукаш шуда, дар давоми ду аср бино ёфтааст. Дар кисми гарбии хавз бинои мухташами масчид комат афрохтааст (17:12), ки толори калони гунбаздор, хучра ва айвони дукабата дорад. Ибтидои асри 20 дар тарафи чануби майдон, байни хавз ва айвон аз хишти пух-та манорае сохтанд, ки ба манораи Калон монандн дорад. Дар тарафи Чануб ва Шарки масчид ду мадрасаи хурди яккабата бино ёфтааст. Ансамбл дар ибтидои асри 20 пурра шакл гирифт. Ансамбл бо усули кошикори, гачкори, мунаббаткори ва кандакори оро ёфтааст. Регистонхои Самарканд ва Бухоро аз ёдгорихои нодири меъмории Осиёи Миёна ба хисоб мераванд.
Адабитё: М а с с о н М. Е., Регистан и его медресе, Ташкент, 1926; П у г а ч е н-к о в а Г. А., Р е м п е л ь Л. И., Выдающиеся памятники архитектуры Узбе-кистана, Ташкент, 1958; П у г а ч е н к ов а Г. А., Самарканд, Бухара, Москва. 1968; ВИА, том 8, Москав, 1969. Р. Довобоев.