РАНГ, 1) маснуоти локу рангубориест, ки аз моддахои пайвасти (руяшон шахшаванда) ва пигментхои органики ё гайриорганикб таркиб ёфтааст. Дар таркиби Ранг инчунин халкунандахо ва дигар моддахо буданашон мумкин. Равгани растани ё олифхо, локхо, яъне махлули табии ё синтезии олигомерхои (полимерхо) таркиби халкунандахои органики, махлули обакии ширеши набототу хайвонот, шишаи моеъ (Pанги силикати) ва гайраро чун моддахои пайвастии Ранги истифода мебаранд. Дар саноат Рангро асосан дар шакли суспензияхои гализ ё обаки истехсол мекунанд. Пигментхоро бо моддахои пайвасти меомезанд, баъд пигментхои махлули хосилшударо хеле месоянд, дар натича Pанги гализ хосил мешавад. Барои хосил кардани суспензия ба Ранги гализ халкунандахои махсус ё олиф хамрох мекунанд. Pанги сахт (дар шакли тахтачахои алохида, масалан, Pангхои акварели-оби) ва хока низ истехсол мекунанд. Ранг аз руи таъинот ба Рангхои хочаги, тасвири ва полиграфи чудо мешавад. Рангро дар хочагии халк ва хаёти маиши асосан барои хушнамуд кардану аз таъсири нами, нури офтоб, моддахои химияви, харорати баланд, магор ва гайра эмин доштани ашё истифода мебаранд.
2) Рангхои минерали, пигментхои табии, минералхои сафед ё харранга, чинсхои кухи, маъдан ва гайра, ки чун моддаи рангкунанда истифода мебаранд. Чунин навъхои Рангхои химияви маълуманд: карбонати, силикатию лой, оксиди ва гидрооксиди, сулфати, углероди ва гайра. Баъзан сулфидхо ва фосфатхоро хам ба сифати моддахои рангкунанда истифода мебаранд. Рангхои табии хеле устувор ва ба таъсири рушноию атмосферб тобовар мебошанд. Рангхои табии хеле фаровонанд ва рохи истифодаашон хам осон аст. Аз ин чихат онхо аз Рангхои синтетики афзалтар дониста мешаванд. Рангхои силикатб, оксиди ва углероди, ки дар саноату сохтмони техники, полиграфия ва санъати тасвири истифода мешаванд, аз дигар навъхои Ранг маъмултаранд.