Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОТЕХНИКА

РАДИОТЕХНИКА

radiostansiya

РАДИОТЕХНИКА, илмест дар бораи методхои генератсия, таквият, кабул ва истифодаи лаппишу мавчхои электромагнитии радиодиапазон; сохаи техника аст, ки истифодаи мавчхои электромагнитии радиодиапазонро дар радиоалока, радиошунавони ва телевизион, радиолокатсия ва радионавигатсия амали ме­гардонад, ба назорату ядора намудани мошину механизмхо, про­сессхои технологи ва гайра мусоидат мекугад. Радиотехника пайваста бо радиофизи­ка, электротехника, физикаи диэлектрикхо, физикаи нимнокилхо, электроакустика, электроника, назарияи лаппишхо, назарияи информатмия ва гайра инкишоф ёфт. Таърихи Радиотехника аз корхои М. Фарадей ва Ч. К. Максвелл ибтидо мегирад. Мавчхои электромагнитии (МЭ) радиодиапазонро аввалин бор Г. Гертс (1886—1889) хосил кард ва омухт. Вай кобилияти иг мавчхоро ба инъикос, шикаст, ин­терференсия ва поляризатмия нишон дод, аммо татбики онхоро барои интиколи ахбор пешбини карда натавонист. Дар тачрибахои Гертс ходисаи резонанс роли мухим бозидаанд. А. С. Попов тачрибазои Гертсро ривоч дода, масъалаи бо ёрии МЭ мукаррар кардани алокаи бесимро хал намуд ва аппарати ба кайдгирии сигналхоро сохт. Попов 7 май 1895 аввалин дар чахон радиоприёмникро бунёд кард. Такрибан баъди як сол кори чунин аппаратро олими италияви Г. Маркони намоиш дод.

Аввалин радиостаннсияхои ирсол ва кабул, ки дар давраи аввали ин­кишофи Радиотехника бунёд гардиданд, бо радиомавчхои зудхомушш а в а н д а (мавчхои кутох) кор мекарданд. Ба туфайли гузаштан ба истифодаи мавчхои нисбатан дароз, афзудани иктидори наклкунакхо ва андозахои антенна, инчунин татбики детектор масофаи радиоалока тадричан зиёд шуд. Истифодаи радиомавчхои хомушнаш а в а н д а е, ки бо генераторхои камони ва мошинии баландбасомад ангезонда мешаванд, зинаи нави инкишофи Радиотехника гардид. Соли 1925 бо ёрии мошини индуктории баландбасомади В. П. Вологдин байни Москва ва Ню-Йорк радиоалока мукаррар карда шуд. Ба вучуд омадани лам­паи электрони дар хамаи сохахои Радиотехника тагйироти кулли ба амал овард. Бо истифодаи радиолампахо генериронии радиомавчхои дарозиашон аз чанд сад м то чанд км имконпазир гардид.

Ибтидои солхои 20 асри 20 баробари алокаи радиотелеграфи радиошунавони низ ба вучуд омад. Афзоиши шумораи радиостансияхои алока ва радиошунавони ва кушиши бо мавчхои дароз кор кардани онхо боиси дар эфир зиёд шудани халалхои тарафайн гардид ва зарурати риоя намудани созишхои байналхалкиро оид ба таксимоти радиомавчхо ба миён овард. Дар бунёди стансияхои пуриктидори радиошунавони ва шабакахои синхрони СССР дар чахон мавкеи намоён дорад. Пайдоиши телевизиони электрони, ки дар миёнахои асри 20 маъмул гардид, дар Радиотехника дтгаргунихои калон ба амал овард. Барои мушохидаи просессхое, ки дар шароити ба инсон дастнорас (дар кайхон, умки замин, сохахои радиатсияашон баланд ва гайра) ба амал меоянд, аппаратхои телевизиони низ истифода мешаванд.

Радиолокатсия ва радионавигатсия сохахои махсуси Радиотехника ба хисоб мераванд, ки бо методхои онхо мавкеъ, суръат ва дигар параметрхои объектхои дур аник карда мешавад. Ра­диолокатсияи сайёрахо бомуваффакият ривоч ёфта истодааст, барои стансияхои радиолокатсиони радиолампахои хосса истехсол карда ме­шаванд.

Ба вучуд омадани диодхои нимнокили ба пайдоиши транзисторхо ва асбобхои электрони-нури боиси пайдоиши телевизиони ранга гардид. Pадиолокатсияи замонави амалан дар хамаи сохахои фаъолияти инсон — баркарор кардани алока бо радифони маснуи Замин ва дигар аппаратхои кайхони, таъмини парвози инсон ба кайхон (ниг. Алокаи кайхони), системои идораи автомати, радиометеорология, радиоастрономия, электроакустика, сабти садо ва гайра мавкеи мухим дорад. Дар СССР журналхои умумииттифокии «Радиотехни­каи, электроника», «Радиотехника» ва «Радио» мунтазам нашр меша­ванд.

Ад.:       Д в о р я ш и н Б. В., Основы радиотехники и радноизмерения, ч. 1, М., 1973.            М. Мамадчонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …