Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАБИЕВ Мухаммад

РАБИЕВ Мухаммад

РАБИЕВ Мухаммад (2. 5. 1913, Самарканд—20. 5. 1983, Душанбе), драматурги советии точик. Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз солт 1941. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Точикистон (1964). Техникуми педагогии Самаркандро хатм кардааст (1938). Актёри театри драмаи мусикии шахри Хоруг буда, сипас дар Саруправленияи санъати назди Совети Комиссарони Халкии РСС Точикистон кор кардааст (1938—1940). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—1945). Баъд аз чанг дар муассисахои санъати Вазорати маданият кор кардааст. Директори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айни (1957— 1960), сармухаррири студияи «Точиктелефилм» (1960—1962) буд. Либреттои балет «Ду гул» (1941), ки ба калами у тааллук дорад, солт 1941 дар рузхои Дахаи санъати точик дар Москва намоиш дода шуда буд. Рабиев муаллифи песахои «Саодат», (1949, бо хамрохии С. Саидмуродов), либреттои балети «Дилбар» (1954), драмахои «Шухрати нек» (1956), «Гулхои канори шахр» (1963), «Хоби вахй» (1972; тарчумаи немиси, ГДР, 1973), «Назокат» (1978), «Машъали фурузон» (1974), драмаи «Соли фаромушнашаванда» («Комбриг Томин»), «Накши зиндаги (1975) ва «Шамшери бурро» (1980) ва гайра мебошад. Муборизаи халки точик барои мустахкам намудани Хокимияти Совети, ситоиши мухаббати пок, хаёти чавонони дехот мавзуи асосии песахои Рабиев аст. Муаллифи сенарияи филмхои «Зумрад» (1961), «Изхори мухаббот» (1964), «Чеслав Путовский» (1980) ва гайра. Бо ордену медалхо мукофото­нида шудааст. Аз соли 1963 узви ИН СССР. Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 1981.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.