РАБЕИ ибни Садруддин Хатиби Пушанги (соли таваллудаш номаълум — вафотат 1306, Хирот), шоири форс-точик. «Рабеи» тахаллуси шоириаш буда, бо номи Ибни Хатиб низ маъруф аст. 17 сол дар хидмати дарбор буд. Сипас ба сабаби низоъхои дарбор аз хидмат даст кашида, ба Казистон, Нишопур ва Ирок сафар намуд. Вале уро бо хила боз ба хидмати дарбор кашида, ба хабс гирифтанд. Дар зиндон вафот кард. Ба кавли тазкиранигорон Рабеи касоиди зиёд ва бо номи «Куртнома» (дар бахри мутакориб ба сабки Фирдавси) ва «Корнома» манзумахо доштааст, ки абёти парокандаи онхо тавассути тазкираву баёзхо дастрасанд. Чанде аз матолиби «Куртнома», ки аз таърихи хонадони Курт (Карт), бахс мекунад, дар асархои таърихи иктибос шудааст. Ад.: Адабиёти форсу точик дар асрхои XII—XIV, Д.. 1975.