Маълумоти охирин
Главная / Илм / Петрохимия

Петрохимия

Петрохимия, як фасли петрографияро гуянд, ки тарзи таксимшавии элементхои химиявиро дар таркиби Чинсхои кухии магмави ва минерал­хои чинсофарин меомузад. Мафхуми «Петрохимия»-ро соли 1944 олими совети А. П. Заваритский дар илм чори кардааст. Петрохимия хамчун сохаи мустакил дар заминаи илмхои петрография ва хи­мия ба вучуд омадааст. Мавзуи тадкики Петрохимия таркиби химиявии чинсхои кухи аст, ки он бо рохи тахлили лаборатори мукаррар карда шуда, бо оксидхо (ба оби фоизи баркаш) ифода меёбад. Системахои гуногуни такроран хисоб кардани тахлилхои химияви ки чинсхои кухи, ки алокахои конунии таркиби химияви ва минералии чинсхоро ошкор месозанд, асосхои методии Петрохимия мебошанд.

Дар СОСР бештар системаи такроран хисоб кардани тахлилхои химиявии чинсхои кухии магмави, ки А. Н. Заваритский пешниход кардааст, истифода бурда мешавад. Дар хорича бошад, системахои такроран хисобкунии гурухи олимони америкои У. Кросс, Ч.  Иддингс, Л. Пирсон ва Г. Вашингтон, инчунин геологи швейсари П. Ниггли ва дигарон маъмул аст. Петрохимия бо рохи мукоисаи хусусиятхои химиявии комплексхои табиии чинсхои кухи, сабабхои гуногунии онхоро ошкору маънидод мекунад, таснифи химияви ва масъалахои пайдоши чинсхои кухиро хал менамояд. Инкишофи усулхои петрохимиявии тадкикот боиси вусъат ёфтани доираи вазифахои Петрохимия гардид.

Ад.: Заваридский А. Н., Введение в петрохимию изверженных горных по­род, 2 изд., М.—Л., 1950; Соловьёв С. П., Химизм магматических горных пород и некоторые вопросы петрохимии, Л., 1970.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …