Патом (кухсори Патом), кухсорест дар байни дарёхои Витим ва Чара (вилояти Иркутски Республикаи Совети Федеративии Сотсиалистии Россия). Патом аз куххои начандон баланд (1200—1300 метр) иборат буда, онхоро водихои чукур аз хам чудо кардаанд. Китъахои баландтаринаш дар Чануби Шарк вокеъ гаштаанд (кухи Лонгдор то 1924 метр).
Патом аз вараксангхои кристалли, охаксанг ва кварситхои давраи протерозои ва аз чинсхои давраи палеозои поён таркиб ёфтааст. Нишебихои то 900— 1100 метрро тайган кухи ва аз 1200 метр болотарро тундраи санглох фаро гирифтааст. Дар Бодайбо, Артёмовск ва дигар чойхо тилло истихроч мекунанд.